ГАДОЕВ: САБАБИ ҲАБСИ УСМОНЗОДА МАН НЕСТАМ, МУЛОҚОТАШ БО АФСАРИ ФСБ АСТ!
Шарофиддин Гадоев, раиси ҷунбиши оппозитсиониии “Ислоҳот ва рушд” ва муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик, рӯзи 14 июни соли 2024 дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” иттиҳоми мақомот дар бораи бо вакили парлумони Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода масъалаи ғасби ҳокимиятро маслиҳат кардани худро рад кард ва иддаои бепоя номид.
Рӯзи 14 июни соли 2024 иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, палатаи поёни парлумони Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзодаро бо пешниҳоди додситони кулл Юсуф Раҳмон аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум карда, ба ҳабси ӯ иҷозат дод. Усмонзода ба кӯшиши ғасби ҳукумат бо маслиҳати пешакӣ бо роҳбарони оппозитсия айбдор мешавад.
Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни дархости лағви дахлнопазирии Усмонзода аз ҷумла гуфт, ки Усмонзода бо Шарофиддин Гадоев ҳанӯз моҳи сентябри соли 2021 масъалаи ғасби ҳокимият дар Тоҷикистонро маслиҳат кардааст ва Гадоев аз номи раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба Усмонзода барои амалӣ сохтани ин нақша ваъдаи кумаки пулӣ ва ирсоли беш аз 3 ҳазор ҷангӣ аз хориҷро додааст.
Шарофиддин Гадоев гуфт: “Ман ҳеҷ гоҳ на дар масъалаи ғасби ҳокимият дар Тоҷикистон ва на дар ягон масъалаи дигар бо Саидҷаъфар Усмонзода гуфтугӯе накардаам ва ягон ваъдаи пулаш ҳам надодаам. На соли 2021, на пеш аз ону на баъд. Танҳо чанд сол пеш, вақте ман дар Ютуб канали худро доштам ва барномаеро бо номи “Бояд гуфт” таҳия мекардам, Саидҷаъфар Усмонзода низ чанд дафъа дар он барнома иштирок ва суҳбат карда буд. Вале он барномаҳо дар Ютуб дар маҳзари ом нашр мешуд ва Ютуб, албатта, барои “маслиҳати пешакӣ” ва кашидани нақшаи ғасби ҳокимият ҷои чандон муносибе нест. Дигар дар ягон масъала ман бо Усмонзода гап назадаам ва ягон чиз маслиҳат накардаам”.
Гадоев афзуд, ки дар байни оппозитсия Саидҷаъфар Усмонзодаро ҳамчун “одами Ятимов” мешумориданд ва фикр мекарданд, ки тамосҳои ӯ бо нафарони оппозитсия бо супориши раиси Кумитаи давлатии амнияти миллист ва бо мақсади “ягон гап кандану гирифтан ва бурда расондан”. Аз ин лиҳоз, гуфт Гадоев, бо Усмонзода ҳама раҳбарони оппозитсия, аз ҷумла худи вай хеле бо эҳтиёт суҳбат мекарданд ва кӯшиш мекарданд, ягон гапи зиёдатӣ назананд ва ягон мавзӯи ҳассосро матраҳ накунанд.
Бино ба иттилои Шарофиддин Гадоев, абрҳои сиёҳ болои сари Саидҷаъфар Усмонзода баъди бад шудани муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва шиддат гирифтани муборизаҳо дар арши сиёсии Тоҷикистон, бахусус байни додситони кул Юсуф Раҳмон ва раиси амният Саймумин Ятимов ҷамъ шуда, аввал боиси барканории ӯ аз раҳбарии ҳизби демократ ва инак, ҳабсаш бо иттиҳоми хеле вазнини кӯшиши ғасби ҳокимият шуд.
Тасдиқи иддаои мулоқоти Усмонзода бо афсари ФСБ тавассути манобеи дигар ғайримумкин ба назар мерасад.
Додситони кул Юсуф Раҳмон дар парлумон дар ҳақиқат гуфт, ки “Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллари Амрико хоҳиш кардааст”. Аммо ӯ ишорае накард, ки Усмонзода аз намояндаи кадом кишвар барои ғасби ҳокимият 10 миллион доллар кумаки молиявӣ хостааст?
Усмонзода ва Ятимов ҳарду аз Фархоранд ва Усмонзода бо яке аз бародарони Ятимов қудо низ ҳаст. Зимнан, Шарофиддин Гадоев низ зодаи ноҳияи Фархор аст.
Ба Саидҷаъфар Усмонзода бар асоси қисми дуюми моддаи 306 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ғасби ҳокимият бо роҳи зӯроварӣ ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.