ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САНГРЕЗ ДАР РОҲИ КӮЛОБ-ХОРУҒ ДАР ЯЗГУЛОМ ВА СЕЛҲО ДАР ПУНУК ВА ИВАН-ТОҶИК

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду рӯзи ахири 11 ва 12 июни соли 2024 боришоти шадид боиси фурӯ рехтани селҳо дар вилояти Суғд ва сангрез дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шудааст.

Аз ҷумла шоми 11 июн, соати 20:15, дар пайи боришот аз теппаҳои атрофи деҳаи Сарвақти ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, сел омада, гилу лой 40 ҳавлӣ, 12 иншооти ёрирасон ва 7 километр роҳи деҳотро зер кард. Дар ҷои ҳодиса комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқуллода ба кор пардохтааст, ҳаҷми зарар муайян карда мешавад. Рафъи оқибаҳои офати табиӣ идома дорад.

Ҳамин тавр, шоми 12 июн, соати 20:30, боришоти шадид боиси аз теппаҳои атроф фурӯ рехтани сел ба деҳаи Оббурдони ҷамоати Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шуд. Дар натиҷа гилу лойқа ба иншооти ёрирасон зарар расонда, 3 ҳавлии сокинонро пур аз лой кард.  Дар ҷои ҳодиса комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқуллода ба кор сар кардааст.

Бар асари селҳои ахир дар вилояти Суғд, хушбахтона, касе осеб надидааст.

Ҳамчунин рӯзи 12 июн, дар километри 477-уми роҳи Кӯлоб-Дарвоз- Ванҷ-Хоруғ дар ҳудуди деҳаи Хеҳаки ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон санг рехта, роҳро муваққатан баст. Ба ҷои ҳодиса техникаву кормандони хадамоти нигоҳубини роҳҳои ноҳияи Ванҷ сафарбар гардиданд ва ба онҳо муяссар шуд, ки соати 00:45-и шаби 13 июн билохира роҳро кушода, ҳаракати нақлиёт барқарор кунанд.

Бар асоси маълумоти ҳавошиносон, рӯзҳои 13-14 июни соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳдоман ва кӯҳистони тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари фурӯ рехтани селҳо боқӣ мемонад. Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон хоҳиш кардааст ки дар давоми ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили кӯлу дарёҳо, ҳамчунин аз сафар ба минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ кунанд.  Кумита ҳамин тавр аз аҳолӣ хостааст, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳистон хеле эҳтиёт кунанд, ҳадалимкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, аз ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳо ва шикору моҳидорӣ, чаронидани чорво  дар чарогоҳҳои минтақаҳои кӯҳистон ва кӯҳдоман худдорӣ кунанд. Ҳамчунин аз сокинон хоста шудааст, ки селпартоҳо ва ҷӯю сойҳоро дар атрофи хонаҳо ва маҳалли зисти худ аз пеш тоза кунанд.

Дар сурати пеш омадани ягон ҳодисаи фавқулодда, сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ метавонанд бо рақамҳо ба хадамоти наҷот занг бизананд: 112, (992 37) 223 13 11 , (992 37) 221 91 19 ё , (992)  93 880 28 19.

Ёдовар мешавем, давоми моҳи май Тоҷикистон ба чандин мавҷи офатҳои табиӣ, асосан селу боришоти шадид рӯбарӯ шуд. Дар натиҷа, даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва ба сокинон ба маблағи даҳҳо миллион сомонӣ зарар расид.

Дар ин ҳафта дар Душанбе як нишасти байналмилалӣ пиромуни масоили обу пиряхҳо баргузор гардид, ки як мавзӯаш асароти афзоиши офатҳои табиии марбут ба обу пиряхҳо, аз ҷумла селҳои харобиовар, ва роҳҳо мубориза бо ин офатҳост. Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, то баргузории чунин нишастҳои кумакҳои бештари байналмилалиро барои барномаҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва рафъи паёмадҳои он ҷалб кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button