50 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР АЗ САРМОЯҲОИ ҲАБСШУДАИ РУСИЯРО БА УКРАИНА МЕДИҲАНД
Роҳбарони гуруҳи G7 рӯзи 13 июни соли 2024 пешниҳоди ба Украина додани 50 миллиард доллар қарз аз ҳисоби сармояҳои ҳабсшудаи Русияро пазируфтанд. G7, ё “Ҳафтгонаи бузург”, 7 кишвари аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи дунё – Амрико, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Италия, Япония ва Канадаро дар бар мегирад.
Бино ба иттилои хабаргузории Bloomberg, ин 50 миллиард доллар ба Украина то поёни соли ҷорӣ дода шуда, ин қарз аз ҳисоби фоидаҳое, ки сармояҳои ҳабсшудаи Русия хоҳанд овард, пӯшонда мешавад. Ҳамсуҳбати хабаргузорӣ гуфтааст, ки паҳлуҳои фаннии ин масъала дар нишасти “Ҳафтгонаи бузург”, ки 13 ва 14 июни соли 2024 доир мешавад, баррасӣ хоҳад шуд.
Нашрияи фаронсавии Le Monde бо истинод ба манбааш дар маъмурияти президенти Фаронса хабар дод, ки пешниҳоди ба Украина додани фоидаи сармояҳои Русияро маъмурияти президенти Амрико додааст. Моҳияти ин пешниҳод дар он аст, ки Украина 50 миллиард долларро аз кишварҳои Ғарб билофосила ба даст меорад, вале ин қарзро на худи Украина, балки аз ҳисоби фоидаҳои сармояҳои ҳабсшудаи Русия хоҳанд пӯшонд.
Қарори маълум, баъди ҳамлаи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022 дар Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Канадаву Япония сармояҳои давлати Русия ва олигархҳои русро, ки дар бонкҳо ва созмонҳои молиявии Ғарб нигоҳ медоштанд, ба ҳабс гирифтанд. Вазорати молияи Амрико соли 2023 ҷамъи ин сармояҳои ҳабсшудаи Русияро 330 миллиард доллар баровард карда буд. 210 миллиарди он дар Аврупо нигоҳ дошта мешаванд. Бино ба ҳисобҳо, ин сармояҳо ҳар сол аз 3 то 5 миллиард доллар фоида меоранд.
Дар аввал мехостанд, ки сармояҳои Русияро бигиранду мустақиман ба Украина бидиҳанд, вале азбаски ин кор аз лиҳози ҳуқуқӣ хеле печидаву мушкил зоҳир шуд, қарор ин шуд, ки сармояҳоро нигоҳ бидоранд, вале фоидаашро ба нафъи Украина сарф кунанд.
Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз моҳи майи соли 2024 пешниҳоди ба Украина додани фоидаҳо аз сармояҳои ҳабсшудаи Русияро пазируфт. Вазири хориҷаи Чехия он вақт гуфт, ки алакай то поёни соли ҷорӣ Киев метавонад аз ин ҳисоб то 74 миллиард крона (нзздики 3 миллиард евро) ба даст биорад, ки аз он 90 фоизаш барои хароҷоти ҳарбӣ ва 10 фоизаш барои барқарор кардани Украина масраф хоҳад шуд.
Дар Кремл қарори ба Украина додани фоидаҳои сармояҳои Русия ва олигархҳои русро “мусодира” мешуморанд. Вазорати хориҷаи Русия таҳдид кард, ки Маскав дар посух аз айни иқдомот кор хоҳад гирифт. Президенти Русия Владимир Путин алакай фармонеро имзо кард, ки ба додгоҳҳо иҷозат медиҳад, то ҳамчун ҷуброн молу мулки Амрикоро дар Русия мусодира кунанд.
Русия моҳи феврали соли 2022 бо баҳонаи “ҳимоят аз сокинони русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Ҷанги Русия бо Украина ба бузургтарин муноқишаи мусаллаҳона баъди ҷанги дуюми ҷаҳон табдил ёфта, то имрӯз аз ҳарду тараф садҳо ҳазор куштаву захмӣ ба ҷо гузошта, боиси вайрон шудани садҳо шаҳру деҳа, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти зербиноӣ шудааст.
Аксари кишварҳои Ғарб ва муттаҳидони онҳо дар дигар қисматҳои олам (Австралия, Япония ва ғайра) дар ин муноқиша аз Украина пуштибонӣ мекунанд ва то имрӯз ба Киев барои муқобила ба ҳамлаи ҳарбии Русия беш аз 400 миллиард доллар асосан ҳамчун ёрии ҳарбӣ ҷудо кардаанд.
Ахиран Амрикову муттаҳидонаш ба Украина иҷозат доданд, то силоҳҳои дурзани аз онҳо бадастовардаашро барои ҳамла ба ҳадафҳои ҳарбӣ дар дохили қаламрави Русия низ истифода барад. Ҳамчунин дар рӯзҳои охир Украина аз Ғарб ҳавопаймоҳои ҷангии Ф-16 гирифта истодааст, ки интизор меравад, ин ин ҳавопаймоҳо барои артиши Украина имкони муқобила бо авиатсияи ҷангии Русияро фароҳам биоранд. То кунун артиши Украина ба далели шумораи нокофии ҳавопаймоҳову чархболҳои ҷангиаш ба вижа дар осмон аз нирӯҳои ҳавоии артиши Русия сахт кам меомад.