ПИСАРИ АҲМАД ЗОҲИР: ПАДАРИ МАН ТОҶИК БУД! (ВИДЕО)

Ришод Зоҳир, писари овозхони шуҳратёр Аҳмад Зоҳир рӯзи 11 июни соли 2024 дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе ба баҳси тоҷик ё пашту будани падараш нуқта гузошт ва гуфт, “бобоям Абдузоҳир ва падарам Аҳмад Зоҳир тоҷик буданд”. Ин дар ҳолест, ки дар манобеи гуногун, аз ҷумла дар Википедия миллияти Аҳмад Зоҳир ва падарашро пашту навиштаанд.
Ришод Зоҳир ва писараш Ёсин Зоҳир рӯзи 9 июн вориди Душанбе шуданд ва ду ҳафта дар Тоҷикистон хоҳанд монд. Онҳо аз ҷумла рӯзи 14 июн, соти 19:00 дар шаби ёдбуди Аҳмад Зоҳир, ки дар солгарди 45-уми қатли “булбули Шарқ” дар “Кохи Суруш” таҳти унвони “Аз сафар хуш омадӣ” баргузор мешавад, иштирок ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Қарор аст, дар ин шаби ёдбуд овозхонҳои шинохта ва ҳаваскороне, ки дар пайравӣ аз Аҳмад Зоҳир тарона мехонанд, низ ҳунарнамоӣ кунанд.
Рӯзи 11 июн Ришод Зоҳир барои хабарнигорони тоҷик нишасти хабарӣ барпо кард. Бино ба гузориши Меҳрофарин Наҷибӣ, хабарнигори “Азия Плюс”, дар ин нишаст хабарнигорон аз Ришод Зоҳир перомуни тоҷик ё пашту будани падараш, сарусадоҳо дар атрофи марги Аҳмад Зоҳир, вазъи имрӯзаи ҳунар дар аҳди Толибон пурсиданд. Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж”, дар оғози ин нишаст гуфт, боздиди Ришод ва Ёсин Зоҳир аз Тоҷикистон бо даъвати шоираи шинохтаи тоҷик Меҳринисо, ки ӯву шавҳараш Шаҳбоз Кабиров замони зиндагиашон дар Кобул бо Аҳмад Зоҳир рафтуомади хонаводагӣ доштанд, сурат гирифтааст.
Ришод Зоҳир гуфт, Абдузоҳир – падари Аҳмад Зоҳир ва бобои ӯ зодаи минтақаи Деҳмазанг дар канори Кобул буда, аҷдоди онҳо аслан аз вилояти Лағмон мебошанд.
“Аввалан, Аҳмад Зоҳир аз ҳамаи ҷаҳон аст. Аммо агар ҳақиқатро бигӯям, аҷдоди мо 80 фисад тоҷиканд. Мо тоҷикем, мо ҳаммиллатем”, – гуфт Ришод Зоҳир.
Ришод Зоҳир ҳамагӣ 9 сол дошт, ки падараш кушта шуд. Ӯ дар боби қатли падараш ҳам гуфт, ки Аҳмад Зоҳирро “аз мо рабуданд” ва баъди се моҳи марги Аҳмад Зоҳир оҳангсози шаҳир Фазлмаҳмади Найнавозро, ки бештар барои Аҳмад Зоҳир оҳанг эҷод мекард, низ “аз миён бардоштанд”. Аммо Ришод Зоҳир мушаххас нагуфт, ки дар мавриди қатли падараш чӣ далелҳо ба даст овардааст ва киро дар қазия гунаҳгор меҳисобад?
Ришод Зоҳир аз вазъи имрӯзаи ҳунар дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
“Дар зодгоҳи Аҳмад Зоҳир ба фарҳангу ҳунару мусиқӣ арҷ намегузоранд. Дар ҷое, ки ҳунар арзиш надорад, бояд тарсид, боиси нигаронӣ аст”, – иброз дошт ӯ.
Вай ҳамчунин ба шикастани лавҳаи қабри Аҳмад Зоҳир ишора карда, гуфт, ки “падарам бо Худо наздик буд ва ҳарчи кунанд ҳам, муҳаббати ӯ аз қалбҳо зудуда намешавад”.
Фарзанди Аҳмад Зоҳир ҳамчунин гуфт, “шодам, ки ихлосмандони вайро дар Тоҷикистон бо қалбҳои пур аз меҳр мебинам”.
Ришод Зоҳир ҳам пешаи овозхонии падарро пеш гирифта, дар аввал таронаҳои падарашро бозхонӣ мекард. Соли 1987 дар 17-солагӣ нахустин албоми худро таҳти унвони “Гули интизор” нашр кард ва то кунун даҳҳо консерт баргузор кардааст. Аммо ӯ натавонист ба пояи шуҳрати падараш бирасад.

Аҳмад Зоҳир 14-уми июни соли 1946 дар хонаводаи Абдулзоҳир, як шахсияти сиёсии шинохтаи Афғонистон ба дунё омада, 14-уми июни соли 1979 , дар рӯзи зодрӯзаш дар синни ҳамагӣ 33 ва дар айни авҷи шуҳраташ ба қатл расонда шуд. Аҳмад Зоҳирро яке аз аз бузургтарин хонандагони форсизабони асри 20 мешуморанд ва гузашти солиён ва ба майдон омадани фавҷ-фавҷ овозхонҳои нав ба нав ҳам натавонист аз лашкари ҳамчунон азиму пурҳайбати мухлисони садои ин булбули шӯридаи Шарқ бизудоянд.

Падари ӯ Абдулзоҳир, ки соли 1982, дар синни 72, баъди ду соли тааммули ғами аз даст додани ҷигарбандаш тарки дунё кард, дар солҳои шастум чандин сол вазири ҳифзи сиҳҳати омма ва сипас раиси парлумони Афғонистон ва сафир дар Италияву Покистон буд ва аз соли 1971 то 1972 сарвазири ин кишвар буд. Ҳамагӣ чанд моҳ баъди истеъфои Абдулзоҳир аз мақоми сарвазир Зоҳиршоҳ, подшоҳи Афғонистон бо дасти бародарзода ва домодаш Довудхон сарнагун карда шуд. Баъди суқути давлати Зоҳиршоҳ Абдулзоҳир дигар аз сиёсат канор рафт.
Ӯ ва ҳамсараш Қурайша 4 фарзанд доштанд, ки аз ҳама машҳураш Аҳмад Зоҳир буд, ки хеле ҷавон ва дар авҷи шуҳраташ кушта шуд.
Писари калонии ин хонавода Осиф Зоҳир дар даврони ҳукумати коммунистҳо дар Афғонистон дар солҳои 80 вазири эҳё ва шуди деҳот ва сипас сафири Афғонистон дар Кувайт ва Италия буд. Баъди ба қудрат расидани муҷоҳидин Осиф Зоҳир аз мақом рафт ва дар Пешовар Ҷунбиши миллии Афғонистонро таъсис дод. Ӯ соли 2000 даргузашт.
Духтари калонии Абдулзоҳир Зоҳира Зоҳир сартарош ва ороишгар буда, ҳанӯз соли 1975, ки шавҳараш ба мақоми сафири Афғонистон дар Созмони Милал таъйин шуд, ба Амрико кӯчид ва ҳамон ҷо монд. Ӯ дар меҳмонхонаи “Watergate” дар Вашингтон толори ороишӣ дорад ва аз ҷумла сартароши президенти вақти Амрико Ҷорҷ Буши хурдӣ ва модари ӯ Барбара Буш, президенти собиқи Амрико Роналд Рейган ва сарвазири собиқи Британия Маргарет Тетчер будааст. Ҷорҷ Буш Зоҳира Зоҳирро бо лутф “Z” ном мебурдааст.
Духтари хурдии ин хонавода ва хоҳари кенҷагии Аҳмад Зоҳир Белқис Зоҳир дар Берлин зиндагӣ мекунад ва дар онҷо толори ороишӣ дорад.