ҲУШДОР АЗ СЕЛҲОИ НАВИ РӮЗҲОИ 13-14 ИЮН ДАР ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба самъи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки бар асоси маълумоти ҳавошиносон, рӯзҳои 13-14 июни соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳдоман ва кӯҳистони тобеи марказ ва вилояти Суғд хатари фурӯ рехтани селҳо боқӣ мемонад.
Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки дар давоми ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили кӯлу дарёҳо, ҳамчунин аз сафар ба минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ кунанд. Кумита ҳамин тавр аз аҳолӣ хост, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳистон хеле эҳтиёт кунанд, ҳадалимкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, аз ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳо ва шикору моҳидорӣ, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои минтақаҳои кӯҳистон ва кӯҳдоман худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин аз сокинон хоста шудааст, ки селпартоҳо ва ҷӯю сойҳоро даор атрофу канори хонаҳо ва маҳалли зисти худ аз пеш тоза кунанд.
Дар сурати пеш омадани ягон ҳодисаи фавқулодда, сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ метавонанд бо рақамҳо ба хадамоти наҷот занг бизананд: 112, (992 37) 223 13 11 , (992 37) 221 91 19 ё , (992) 93 880 28 19.
Ёдовар мешавем, давоми моҳи май Тоҷикистон ба чандин мавҷи офатҳои табиӣ, асосан селу боришоти шадид рӯбарӯ шуд. Дар натиҷа, даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва ба сокинон ба маблағи даҳҳо миллион сомонӣ зарар расид.
Дар ин ҳафта дар Душанбе як нишасти байналмилалӣ пиромуни масоили обу пиряхҳо баргузор гардид, ки як мавзӯаш асароти афзоиши офатҳои табиии марбут ба обу пиряхҳо, аз ҷумла селҳои харобиовар, ва роҳҳо мубориза бо ин офатҳост. Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, то баргузории чунин нишастҳои кумакҳои бештари байналмилалиро барои барномаҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва рафъи паёмадҳои он ҷалб кунад.