ВидеоКоррупсия

27 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА. ҶАЗОИ ЯК КОРМАНДИ МИЛИСА ДАР СУҒД БАРОИ ПОРАХӮРӢ

Муаллиф: Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Як корманди шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои гирифтани пора 27 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, ду сол аз ҳаққи кор дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳрум шудааст. Дар ин бор аз Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ҳукми Шерзод Тоҷибоев, корманди шуъбаи хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 30-юми май аз сӯи додраси Додгоҳи вилояти Суғд Боир Зоирзода содир шудааст.

Ӯ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи майи соли равон “ба боварии Зиёвуддин Кароматуллозода, як сокини шаҳри  Хуҷанд даромада, бо суйистифода аз мақоми хизматӣ барои ба кор қабул кардан ба шуъбаи “Муҳофиза”-и ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 4 ҳазор  сомонӣ гирифтааст”.

Бо ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд Шерзод Тоҷибоев барои қаллобӣ (моддаи 247 қисми 2) 27 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муддати ду сол маҳрум карда шуд.

Инчунин, ӯ 4 ҳазор сомонӣ зарари расонидаро барқарор кардааст.

Назари худи Шерзод Тоҷибоев, вакили дифоъ в аназдиокни ӯ ба ин ҳукм маълум нест.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.

Манбаъ: “Азия Плюс”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button