ЮНИСЕФ: ҲАР КӮДАКИ СЕЮМ ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КАМҒИЗОӢ АЗОБ МЕКАШАД
ЮНИСЕФ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милал дар ҳисоботи наваш, ки рӯзи 6 июни соли 2024 таҳти унвони “Фақри ғизоии кӯдакон: Камбуди ғизо дар даврони хурдсолӣ” нашр шуд ва ҳудуди 100 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад, навиштааст, ки дар Тоҷикистон беш аз 431 ҳазор кӯдаки то синни 5-сола, яъне ҳар кӯдаки сеюм дар шароити фақри шадиди ғизоӣ зиндагӣ мекунад. Хатари дар оянда ба азоби лоғарӣ, як ҳолати барои ҳаёт хатарноки камғизоӣ дучор шудани чунин кӯдакон, ба ҳисоби ЮНИСЕФ, 50% бештар аст.
Барои муқоиса, ба ҳисоби миёна дар ҷаҳон тақрибан чоряки кӯдакон аз фақри шадиди ғизоӣ ранҷ мебурдаанд. Дар Қирғизистони ҳамсоя шумораи чунин кӯдакон 12 фоиз аз ҷамъи тифлони то синни 5, дар Ӯзбекистон 11 фоиз ва дар Туркманистон ҳамагӣ 4 фоизро ташкил медодааст.
Бино ба гузориши Хазинаи кӯдакони Созмони Милал, дар Тоҷикистон 34%, ё ҳар кӯдаки сеюм ӣто синни панҷсолагӣ дар шароити фақри шадиди ғизоӣ қарор дорад, яъне аз имкони истеъмоли ғизои комил ва гуногун барои рушди комил дар синни хурдсолӣ ва минбаъд маҳрум мебошад. Ин назар ба нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ бештар аст. Кӯдаконе, ки аз 8 гуруҳи мушаххаси ғизо танҳо ду навъашро истеъмол мекунанд, тифлони гирифтори фақри ғизоӣ шумурда мешаванд.
Эри Двиведи, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон вазъи кӯдакони хурдсоли тоҷикро нигаронкунанда номид ва хостори андешидани чораҳои оҷил шуд. Ӯ аз ҷумла гуфт:
“Ягон кӯдак набояд аз ҳаққи дарёфти ғизои комил маҳрум шавад. Вале омилҳое, ба мисли нобаробарии афзоянда, муноқишаҳо, буҳрони иқлим ва боло рафтани нархи маҳсулот якҷо бо фаровонии ғизои носолим, шеваҳои зиёновари бозорёбӣ барои маҳсулоти ғизоӣ ва таҷрибаи нодурусти ғизодиҳӣ ба кӯдакон қариб ним миллион кӯдакро дар Тоҷиктистон дар синни хурдсолӣ ба вартаи фақри шадиди ғизоӣ андохта, эҳтимоли дучор шудани онҳо ба шаклҳои барои ҳаёт хатарноки камғизоӣ дучор шудани ин кӯдаконро боло мебарад ва рушду инкишофи мағзу ақли ин тифлонро зери таҳдид қарор медиҳад. ЮНИСЕФ дар ин росто ба андешидани чораҳои оҷил ҷиҳати тағйир додани ниҳоми ғизо, тандурустӣ ва ҳимояти иҷтимоӣ даъват мекунад то ки ба кӯдакон имкони дастрасӣ ба ғизои комилу гуногунранг таъмин гардида, онҳо имкони рушду инкишофи ва таҳсили пурраро ба даст биоранд”.
Муаллифони гузориш менависанд, ҳарчанд кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамчунон аз паёмадҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемияи коронавирус (COVID-19) ранҷ мебаранд, оқибатҳои нобаробарӣ, муноқишаҳо ва буҳрони иқлим ба он овард, ки нархи ғизо ва арзиши зиндагӣ ба сатҳи ба таври бесобиқа баланд расидааст. Гуфта мешавад, хонаводаҳои зиёде имкони тахмини кӯдакони худ бо ғизои комилу гуногунро надоранд. Дар бисёр кишварҳо ба волидон ғизоҳои арзони аз ҳад зиёд коркардшудаи носолимро пешниҳод мекунанд ва шумораи ба ҳадди изтирообвар зиёди кӯдаконе, ки дар ҳолати фақри ғизоӣ ба сар мебаранд, маҷбуранд, ба ҷои ғизои солиму нирӯманд чунин ғизоҳои арзону зиёноварро истеъмол кунанд.
ЮНИСЕФ ба хотири аз байн бурдани фақри ғизоии кӯдакон аз ҳукуматҳо, созмонҳои имдодрасон, ҷомиаи шаҳрвандӣ ва тавлидкунандагони ғизову нӯшобаҳо даъват мекунад, ки ба сурати оҷил даст ба чунин иқдомҳо бизананд:
-Низоми ғизодишӣ бояд чунон ислоҳ карда шавад, ки ғизоҳои солиму нирӯманд ва гуногун арзону дастрас гардида, ба ғизои писандидаи кӯдакони хурдсол табдил биёбанд.
-Низоми тандурустӣ барои пешгирӣ ва табобати паёмадҳои камғизоии тифлони хурдсол ва машварат додан ба волидон дар мавриди тарзи нигоҳубин ва ғизодиҳӣ истифода шавад.
Ниҳодҳои ҳифзи иҷтимоӣ барои ҳалли мушкили фақр бо кӯмаки пардохти ёронаҳо бо пули нақд, маҳсулот ва ваучерҳо бо дарназардошти эҳтиёҷоти кхдакони осебпазир ва оилаҳои ниёзманди ғизо ва маҳсулоти ғизоӣ дастбакор шаванд.
Матни пурраи гузориши ЮНИСЕФ ба забони англисӣ инҷост: Тhe full report.