ВидеоИқтисод

ҲАМАИ ТАКСИҲОИ ДУШАНБЕ БОЯД ТО 1 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2025 БА ЭЛЕКТРОМОБИЛ ГУЗАРАНД

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ қарореро ба имзо расонд, ки бар асоси он, тамоми ширкатҳои мусофиркашонӣ (такси) дар пойтахти Тоҷикистон бояд то 1 сентябри соли 2025 пурра ба ба нақлиёти барқӣ, яъне ба электромобил гузаранд.

Дар қарори раиси шаҳри Душанбе №362 аз рӯзи 4 июни соли 2024 чунин гуфта шудааст: “Ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ (таксӣ) дар шаҳри Душанбе машғуланд, дар доираи квотаҳои муқарраргардида барои пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштан то 1 сентябри соли 2025 чораандешӣ намоянд”.

Ҳамин тавр, аз шуъбаи нақлиёти шаҳрдории Душанбе тақозо шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии коммуналии  «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва шуъбаи шаҳрии БДА “барои пурра ба низоми барқӣ гузаштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятҳои кироякаши таксӣ мусоидат намоянд”.

Ин дар ҳолест, ки бино ба омори расмӣ, воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон сол то сол меафзояд ва соли 2023 тақрибан 1,5 ҳазор мошини барқӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд. Барои муқоиса, соли 2021 ба Тоҷикистон ҳамагӣ 47электромобил ва соли 2022  дар умум 767 мошини барқӣ ворид карда шуда буд.

Вазорати нақлиёт гуфт, минбаъд ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳиссаи мошинҳои барқиро то 20-30% бирасонад.  Феълан дар Тоҷикистон 666 ҳазор мошин расман сабти ном шудааст, ки аксари онҳо бо бензину дизел (солярка) ваё бо газ ҳаракат мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2022 барномаи вижаеро бо номи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028»   қабул карда буд, ки ба рушди технологияҳои хидматрасонии мошинҳои барқӣ нигаронида шудааст. Вазорати нақлиёт, муаллифи ин барнома мегӯяд, дар натиҷаи татбиқи он ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, вобастагии Тоҷикистон аз сӯзишвории воридотӣ коҳиш меёбад. Илова бар ин, бо гузаштан ба нақлиёти барқӣ ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, ки асосан мошинҳо ихроҷ мекунанд, кам мешавад.

Соли 2022 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки бар асоси он, воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар то 10 соли оянда бидуни боҷи гумрукӣ  сурат гирифта, инчунин  мошинҳои барқӣ аз андоз ва аксизҳо низ озод карда шудаанд.

Моҳи августи соли 2023 дар ҷараёни сафари Рустами Эмомалӣ ба Хитой, дар Пекин байни ширкати тоҷикии “Авесто Груп” ва ширкати хитоии “Ҷинчуен” ёддошти тафоҳуме ба имзо расид, ки бар асоси он, бояд бо харҷи 125 миллион доллар дар Тоҷикистон як корхонаи истеҳсоли электромобилҳо бо иқтидори солонаи ҷамъу басти то 1500 мошини барқӣ бунёд шавад.

Аммо як мушкили ҷиддии марбут ба истифодаи мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳоҳир ин аст, ки дар ҳоли ҳозир, электромобилҳо ба ҷуз аз Душанбе ва манотиқи наздики атрофи он дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон тақрибан қобили истифода нестанд, зеро зербинои он, аз ҷумла нуқтаҳои пур кардани нирӯи барқ барои чунин васоили нақлиёт дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ қариб вуҷуд надорад ваё хеле каманд.

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №362 АЗ 04.06.2024

04 Июни 2024, Сешанбе

Дар бораи  пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштани воситаҳои нақлиёти автомобилии таксӣ

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022, №532 «Дар бораи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 22 декабри соли 2022, №120 ва татбиқи лоиҳаи «Шаҳри сабз», мутобиқи моддаи 20 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                      ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ (таксӣ) дар шаҳри Душанбе машғуланд, дар доираи квотаҳои муқарраргардида барои пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштан то 1 сентябри соли 2025 чораандешӣ намоянд.

 2. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии коммуналии  «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе барои пурра ба низоми барқӣ гузаштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятҳои кироякаши таксӣ мусоидат намоянд.

3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути  воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

                                                                                      Рустами Эмомалӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Дар баробари ин, ҳукуматро зарур аст, ки вобаста ба бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, бодӣ (шамолӣ) ва офтобӣ (ва ҳатто атомӣ) чораҳои бетаъхир биандешад, вагарна бо бештар шудани воситаҳои нақлиёти барқӣ дар пойтахт реҷаи барқ ҷорӣ карда мешавад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button