
Чор зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Ростови лаби Дон дар ҷануби Русия бо иттиҳоми рабудани як ҳамватанашон ва аз ӯ талаб кардани як миллион рубл дастгир шудаанд. Дар ин бора рӯзи 8 июни соли 2024 бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин минтақа пойгоҳи хабарии маҳаллии “Ростовская область сегодня” ва фарзияи маҳаллии нашрияи “Царьград” хабар доданд.
Худи боздоштшудагон ва ҷабрдида ё наздикони онҳо барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, ин 4 зодаи Тоҷикистон, синнашон аз 31 то 34-сола дар таваққуфгоҳи мошинҳо дар назди ҳипермаркети “Магнит” дар кӯчаи Лелюшенкои шаҳри Ростов ба як ҳамватани 28-солаашон, ки дар ширкати “Яндекс. Такси” ҳамчун ронандаи такси кор мекард, ҳамла оварда, ӯро латтукӯб кардаанд ва сипас ба мошин бор карда, бо худ бурдаанд.
Тавре баъдан маълум шуд, гаравгонгирон таксиронро ба як бинои беодам бурда, дар онҷо ба латтукӯбу шиканҷааш идома додаанд ва барои озодиаш як миллион рубл, муодили тақрибан 11 ҳазору 200 доллар талаб кардаанд.
Ширкати корфармои ронандаи тоҷик дар бораи ба таври пурасрор ғайб задани ӯ ба пулис хабар додааст. Ба ҷустуҷӯи ӯ кормандони пулис ва ФСБ пайвастаанд ва дар натиҷаи як амалиёти муштарак бо ҷалби ОМОН ронандаи тоҷик озод ва ҳамаи 4 гаравгонгир боздошт шуданд.
“Царьград” хабар дод, ки ронандаи тоҷикро рӯзи 3 июни соли 2024 озод кардаанд.
Дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки ду тан аз гаравгонгирон алакай шаҳрвандии Русияро ба даст оварда, ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудаанд. Аммо ду нафари дигар, ки шаҳрванди Тоҷикистон буданд, дар Русия ғайриқонунӣ қарор доштаанд ва ҳар кадоми онҳоро ба далели вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират 5 ҳазор рубл ҷарима бастаанд.
Ба зидди дастгиршудагон бар асоси қисми дуюми моддаи 126 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми одамрабоӣ аз тарафи гуруҳи шахсон парвандаи ҷиноятӣ низ кушодаанд ва бар асоси ин банди қонун ба ин 4 зодаи Тоҷикистон ҳамчун ҷазо аз 5 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Тафсилоти дигари ин қазия дастрас нест. Ин ҳам рӯшан нест, ки чаро ин 4 зодаи Тоҷикистон ба рабудани ҳамватани худ иқдом карда, чунин ҷинояти сангин содир кардаанд?
Маъмулан чунин одамрабоиро аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади тамаъҷӯӣ ваё бо талаби “ҳақ” аз ягон тоҷир анҷом медиҳанд ваё ба гуруҳҳои ҷиноӣ ягон корафтода муроҷиат мекунад, то бо кумаки афроди ҷиноятпеша қарзи худро аз ягон кас канда бигирад ваё ягон баҳси тиҷоратӣ ё молиявиашро ҳал кунад.
Ҳарсол то як миллион нафар аз сокинони Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба Русия сафар мекунанд. Бар илова, беш аз як миллион аз зодагони Тоҷикистон алакай дар солҳои кору зиндагиашон дар Русия тавонистаанд шаҳрвандии ин кишварро ба даст биоранд.
Дар айни замон, дар маҳбасҳои Русия беш аз 7 ҳазор зодаи Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Бисёрии онҳо барои ҷиноятҳои хурде, чун тақаллуби аснод, дуздӣ ё садамаҳои нақлиётии марговар зиндонӣ шудаанд. Тақрибан 2 ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир ба зиндон афтодаанд. Вале дар байни маҳбусони тоҷики маҳбасҳои Русия даҳҳо нафари дигар низ ҳаст, ки барои ҷиноятҳои сангине, ба мисли куштор, ғорату роҳзанӣ ё одамрабоӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ҳипермаркети “Магнит” дар кӯчаи Лелюшенко