СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЯК РӮЗ ДАР ДУШАНБЕ, ЭСАНБОЙ ВА ФАХРОБОД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 6 июни соли 2024, дар байни шашуним соат дар роҳҳои ҷумҳурӣ дастикам се садамаи марговар рух додааст.
Аз ҷумла шаби 6-уми июни соли 2024, тахминан соати 21:30, ронандаи мошини тамғаи “Ҳундай-Элантра”, Тошев Эҳром Эмомович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абай ба самти кӯчаи Деҳотӣ, дар рӯ ба рӯи яке аз биноҳои истиқоматии кӯчаи Н.Қарабоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, тахминан 40-45 соларо пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам шоми 6-уми июни соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи мототсикли тамғаи “WYS”, Арабов Ҳамидулло Давлатович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ҳангоми бе рақами қайди давлатӣ ҳаракат кардан аз самти ҷамоати деҳоти Эсанбой ба самти деҳаи Хоҷабулбулони ҷамоати деҳоти Эсанбой қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Ҳундай-Портер”, таҳти идораи ронанда Шайқулов Соатмурод Каримович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Қубодиён бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Арабов Ҳ.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам рӯзи 6-уми июни соли 2024, тахминан соати 14:55, ронандаи мошини тамғаи “Форд-Фокус”, Файзуллоев Ҷамшед Анварович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Фахробод бо суръати баланд ҳаракат карда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори иҳотавии миёнаи роҳ бархӯрда, сипас ба самти муқобили роҳ баромадааст ва ба мошини тамғаи “Дэу-Сиэло”, таҳти идораи Қурбонзода Ансор Алиҷон, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Левакант бархӯрдааст.Сипас, мошин самти ҳаракаташро дигар намуда ба мошини “Тойота-Камри”, таҳти идораи Ёрмаҳмадов Муҳаммадҷон Хайруллоевич, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири мошини тамғаи “Форд-Фокус”, Расулов Амирҳамза Давлатович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Кӯшониён ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи мошини тамғаи “Дэу-Сиэло” Қурбонзода А. ва мусофири мошини “Тойота-Камри”, Қурбонов Махсум Боймуродович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста шуда, ҳар сол бар асари садамаҳо дар ин кишвар то 400 нафар кушта ва то 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.
