МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ 6 МУҲОҶИРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ДАР ҶАРАЁНИ АМАЛИЁТИ “НЕЛЕГАЛ-2024″ ДАР ХАТЛОН (3 АКС)

Мутобиқи Нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъии СААД оид ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунии “Нелегал-2024”, ки аз 7 апрели соли 2024 тасдиқ шудааст, дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти минтақавии “Нелегал-2024”, дар ду марҳила гузаронида мешавад.

919

Марҳилаи якуми амалиёт бо номи “Нелегал-Трафик” аз 3 то 9 июни соли 2024 бо ҷалби қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои масъули Раёсати ВКД, КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти мазкур гузаронида мешавад.
920

Мақсад аз гузаронидани амалиёти мазкур, санҷиши тартиби риояи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва иншоотҳои корӣ, ошкор намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки бе раводид, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, бе иҷозат барои кор ва шиносномаҳои беэътибор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буду бош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, иборат мебошад.
Аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Хатлон ва дигар масъулони мақомотҳо дар ҳудуди бозори «Ҳоҷи- Шариф», терминали «Баҳор», ҶДММ «Форсиён» ва ҶДММ «Ҳунари-41» амалиёти муштарак гузаронида шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт 6 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Амалиёти “Нелегал-2024” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

БАРОИ МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГӢ: Ҳар сол ҳукумати Тоҷикистон ба тақрибан 7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ иҷозати кор дар кишвар медиҳад. Аксари онҳо аз Хитой буда, дар ширкатҳои хитоии фаъол дар Тоҷикистон кор мекунанд. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон чандин ҳазор паноҳҷӯ ва садҳо тоҷиру соҳибкор аз Афғонистон ба сар мебаранд. Солҳои охир мавридҳои барои кор ба Тоҷикистон омадани шаҳрвандони кишварҳое, чун Бангладешу Покистон низ ба назар мерасад. Баъди ҷанги Русия ба зидди Украина ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Русия аз тарси инки онҳоро ба ҷанг набаранд, низ ба хориҷ фирор карданд ва шуморе аз онҳо ба Тоҷикистон омаданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ислоҳоти полиси Тоҷикистон то куҷо кашол меёбад? Сарулибоси ягонаи милиса (юниформ) ба талабот ҷавобгӯ нест ва бештар ба капитани киштӣ монанд аст. Тоҷикистон кишвари кӯҳию офтобӣ ва бидуни баҳр аст, сол аз сол сайёҳони хориҷии дуру наздик ба кишвар бештар мешаванд, барои таҳкими истиқлол бояд аз сарулибоси милисаи шӯравӣ даст кашид!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button