ЯК ЗАНИ СОКИНИ ДУШАНБЕРО БА МАБЛАҒИ ЯК МИЛЛИОН ДОЛЛАР (!!!) ФИРЕБ ДОДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 8 июни соли 2024
Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи зани 63-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2022 марди 48-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ бинои ҶДММ “Таҷҳизот”-ро ба маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағи 4 миллион доллари амрикоиро супорида, боқимонда 1 миллион доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ифшо шудани дуздии “Айфон-11” ва маблағ аз корти бонкӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 5-уми июни соли 2024, тахминан соати 13:00, ҳангоми дар маркази савдои «Садбарг» қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефонии мобилии тамғаи “Айфон-11”, ки арзишаш 3 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 36-солаи сокини ноҳияи Файзобод содир намудааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшан 28-уми майи соли 2024, тахминан соати 08:50-дақиқа, ҳангоми дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан қарор доштанаш, аз корти бонкии ҶДММ «Душанбе-Сити»-и зани 35-солаи сокини шаҳри мазкур рақами пинҳонии корти бонкиро гирифта, минбаъд бо истифодаи он ба миқдори 4 ҳазору 950 сомониро тасарруф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.