МАНСАБИ НАВИ ШОҲРУХ САИДЗОДА ВА ДИГАР ТАҒЙИРОТИ КАДРИИ “ХЕЛЕ ВАЗНИН” ДАР ВКД
Манобеи огоҳи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки қарор аст, рӯзи 7 июни соли 2024 дар сохтооҳои ВКД Тоҷикистон як силсила тағйироти кадрии, ба таъбири ҳамсуҳбатони “Бомдод”, “хеле вазнин” сурат бигирад.
Ба гуфтаи манобеъ, аз ҷумла дар муврфиқа бо президент Эмомалӣ Раҳмон, қарор аст, чанд раҳбари баландпояи сохторҳои ВКД, бо шумули сардорони раёсатҳои корҳои дохилии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, гуруҳи ноҳияҳои водии Рашт ва наиояндагони ВКД Тоҷикистон дар Русия ва Қазоқистон, ҳамчунин сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД тибқи ротатсия иваз карда шаванд.
Як ҳамсуҳбати “Бомдод” хабар дод, ки генерал-майори 37-сола Шоҳрух Саидзода, ки аз соли 2017, инак 7 сол боз сардори раёсати кофтукови ҷиноӣ буд, тибқи ротатсия, тарки ин мақом мекунад ва ба ҷои генерал-майор Ҳамидзода Бароталӣ Партов сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе таъйин хоҳад шуд. Ҳамидзода аз феврали соли 2022 сардори РВКД Душанбе буд.
Ба кадом вазифа гузаштани генерали 57-сола Ҳамидзода ҳанӯз маълум нест, вале қарор аст, рӯзи 7 июн ҳамроҳи ӯ сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ҳамаи 4 ноҳияи пойтахт низ иваз карда шаванд.
Ба пойгоҳи “Бомдод” ҳанӯз муяссар нашудааст, ба кадом вазифаи дигар гузаштани генерал-майор Абдулло Навҷувонов ва генерал-майор Ваҳобзода Баҳодур Баротро, ки то имрӯз раҳбарии раёсатҳои корҳои дохилии вилояти Суғд ва минтақаи Раштро бар уҳда доштанд, маълум кунад. Абдуллоҷонов, ки 59 сол дорад, аз январи соли 2020, инак беш аз 4 сол боз раҳбари милитсияи шимоли Тоҷикистон буд. Генерал Ваҳобзода, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ба синни 60 расид, тоза моҳи июли соли 2023 сардори милитсияи минтақаи Рашт таъйин гардида буд ва дар ин вазифа ҳатто як сол ҳам кор накардааст.
Ин ҳам ҳанӯз маълум нест, ки ба ҷои онҳо киҳо ба раҳбарии милитсияи Суғду Рашт таъйин мешаванд?
ВКД яке аз сохторҳои аз ҳама бузург ва муҳим дар таркиби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин вазоратхона даҳҳо ҳазор милиса хидмат мекунанд. Роҳбарии ВКД Тоҷикистонро аз соли 2012 генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар даст дорад.
Ёдовар мешавем, моҳи январи соли ҷорӣ президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони тамоми ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлобро бо ҷамъи муовинҳояшон ба сабаби вуҷуди мушкилоту камбудиҳои зиёд дар фаъолияташон аз мансабҳо озод карда буд.
ТАФСИЛОТИ НАВИ МАРБУТ БА ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ВКД БАРОБАРИ БА ДАСТ ОМАДАНАШОН НАШР ХОҲАД ШУД
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон тағйироти кадрӣ дар вазорати дохиларо тасдиқ кард: