ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК МУСОФИРИ ТОҶИК БО 10 ЛИТР МАШРУБОТ ДАР ФУРУДГОҲИ ЕКАТЕРИНБУРГ

Кормандони боҷхонаи фурудгоҳи “Колтсово”-и шаҳри Екатеринбурги Русия аз як ҳолати қочоқи 10 литр машрубот аз ҷониби як шаҳрванди Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд.

Хадамоти матбуоти идораи боҷхонаи минтақаи Урал рӯзи 6 июни соли 2024 хабар дод, ки кормандони боҷхонаи фурудгоҳ дар дасти як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон як қуттии пур аз шишаҳои машруботро дида, ӯро барои тафтиш манъ карданд. Маълум шуд, ки ӯ бо худ 14 шиша арақу портвейн, дар маҷмӯъ 10 литр машрубот доштааст.

Ин мусофир баёнот додааст, ки ин машруботро дар Тоҷикистон бо нархи 160 доллар харида, ҳамчун туҳфа барои шарикони тиҷоратиаш дар Русия бо худ гирифтааст. Ӯ гуфтааст, ки дар бораи маҳдудиятҳои мавҷуда дар роҳи ба Русия ворид кардани машрубот ягон хабар надошт.

Сардори боҷхонаи бахши мусофиркашонии фурудгоҳи “Колтсово” Сергей Боровик шарҳ дод, ки тибқи меъёрҳои ҷорӣ дар Иттиҳоди гумрукӣ, як нафари калонсол метавонад то 5 литр машрубот ворид кунад ва аз ин миқдор танҳо 3 литрашро бидуни пардохт.

“Бар асоси қоидаҳои гумрукӣ, як мусофири калонсоли ҳавопаймо метавонад бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ то 3 литр машруботро ворид кунад. Барои литри чорум ва панҷум бояд барои ҳар литраш 10 евро боҷи гумрукӣ пардохт кунад. Аз 5 литр бештар ворид кардан мумкин нест. Бояд бигӯям, ки ин маҳдудиятҳо машруботи дар мағозаҳои бебоҷ, маъруф ба “Duty free” харидашударо низ дар бар мегиранд”, – шарҳ додааст Сергей Боровик.

Нисбат ба мусофири тоҷикистонӣ протокол тартиб дода, ба ӯ танҳо миқдори иҷозатдодашудаи машрубот, яъне 3 литраш, ё 4 шишаро баргардондаанд ва 7 литри дигар, яъне 10 шиша арақу портвейни ӯро феълан ҳамчун бори қочоқӣ мусодира кардаанд. Сарнавишти баъдии ин 10 шиша арақу портвейнро додгоҳ муайян мекунад. Ба мусофири тоҷикистонӣ нафақат ҷарима, балки мусодираи ин 7 литр машруботи қочоқиаш таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button