ВидеоМуҳоҷирон

13 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ТОҶИК БО ҶУРМИ ҚАСДИ ҲАМЛА ДАР БОЗОРИ ШАҲРИ НЕВИНОМИССК

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми қасди анҷоми таркиш дар бозори шаҳри Невиномисски устони Ставропол ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ӯро дар узвият дар созмони террористӣ, омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ва ғайриқонунӣ омода кардани маводи тарканда гунаҳкор шинохт. Бо ҳукми додгоҳ, ин шаҳрванди Тоҷикистон 3 соли аввали ҳукмашро дар зиндони пӯшида ва 10 соли боқимондаашро дар маҳбаси низомаш сангин адо хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ устони Ставропол рӯзи 6 июни соли 2024 дар шарҳи ин парванда гуфт: “Муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда ба узвияти созмони байналмилалии террористии дар Русия мамнӯъ пайваста,Э нақша дошт, ки моҳи майи соли 2023 бо роҳи таркиш дар бозори Невиномисск ҳамлаи террористӣ анҷом бидиҳад. Вале ӯ иннақшаи худро амалӣ карда натавонист, чунки кормандони ФСБ фаъолияти ғайриқонунии ӯро ошкор карданд”.

ФСБ афзуд, ки ҳангоми кофтуков аз маҳалли зисти ӯ маводе, ки метавонанд барои сохтани бомб истифода шавад, ёфта шуд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки номаш ва ҳатто синну солаш нашр нашудааст, ҳанӯз дар баҳори соли 2023 дастгир шуда, беш аз як сол боз дар ҳабс қарор дорад. Худи ӯ ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Маълум нест, ки оё ӯ дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ ба адвокат дастрасӣ дошт ё на?

Ҳукми ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст, вале маълум нест, ки оё ӯ аз ҳукмаш шикоят хоҳад бурд ё на?

Шаҳри Невинномисск, ки 115 ҳазор аҳолӣ дорад, дар тақрибан 60-километрии ҷануби шаҳри Ставропол, маркази устон ҷойгир шудааст.

ФСБ Русия доимо дар бораи боздошти муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар аз номи созмонҳои байналмилалии террористӣ, асосан аз номи ДОИШ, хабар медиҳад. Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар бисёр мавридҳо чунин парвандаҳо сохта ваё ҳадди ақал аз сӯи худи кормандони ФСБ таҳрикдодашуда, яъне сунъӣ, буда, ба ин васили мақомоти вижаи Русия мехоҳанд ба таври сунъӣ аз ҳисоби муҳоҷирони беҳуқуқ натиҷаҳои худро дар арсаи мубориза бо терроризм аз будаш зиёдтар нишон диҳанд.

Фишорҳо ба муҳоҷирон, ба вижа ба зодагони Тоҷикистон, дар пайи ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар канори Маскав бахусус афзоиш ёфт. Масъулияти ин ҳамларо ДОИШ ба дӯш гирифт. Бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи “Крокус” беш аз 20 нафар дастгир шудаанд, ки аксараш зодагони Тоҷикистонанд. Тафтишот  мегӯяд, ҳамлаи “Крокус” бо дастури ДОИШ –  Хуросон, шохаи шарқии ин созмони террористӣ, ки марказҳои асосиашдар Афғонистону Покистон ҷойгир шудаанд, сурат гирифта, ҳамаи 4 омил, яъне иҷрокунандаи бевоситаи ин ҳамла аз Тоҷикистонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button