
Нашрияи “МК-Ленинградская область” рӯзи 6 июни соли 2024 бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин минтақа хабар дод, ки дар шаҳри Волхови вилояти Ленинград як кӯдаки якунимсола ба сабаби ӯро беназорат гузоштани волидонаш аз тирезаи қабати чоруми бинои истиқоматӣ ба замин афтодааст. Манбаи нашрия гуфтааст, ки кӯдак ҳангоми бозӣ вазнашро болои тӯри зидди хомӯшакҳо партофтааст, вале тӯр ба вазни кӯдак тоб наоварда, канда шудааст ва кӯдак аз қабати чорум ба замин афтодааст.
Тифли маъсумро бо кататравма (ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар натиҷаи афтодан аз баландӣ) дар бемористони шаҳри Волхов бистарӣ кардаанд. Вазъи ӯ вазнин арзёбӣ мешавад, вале худи инро, ки ин тифл баъди афтодан аз қабати чоруми бино зинда мондааст, табибон мӯъҷиза меноманд.
“Муайян карда шуд, ки оилаи ин кӯдак пурра ва солим буда, падараш, шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамчун коргари оддӣ (подсобный рабочий) дар шаҳри Волхов расман сабти ном шудааст. Модараш, ки низ шаҳрванди Тоҷикистон аст, ба пеши шавҳараш ба меҳмонӣ омада будааст”, – хабар додааст манбаи “МК”.
Ин манбаъ афзудааст, ки муфаттишон аз ҷои ҳодиса тӯри зидди хомӯшакҳоро низ барои ташхис бурдаанд, то ки тамоми ҷузъиёт ва сабаби ин ҳодисаро муайян кунанд.
Тафсилоти дигари ин ҳодисаи нохуш оварда нашудааст.
Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Онҳо ҳарсол ба Ватан чанд миллиард доллар пул мефиристанд. Ин маблағҳое, ки аз хориҷ ва асосан Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирон ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо ва ҳам як омили асосии ҳаракати аробаи тиҷорат ва иқтисоди ин кишвар дониста мешавад.
Ҳазорон нафар аз муҳоҷирони тоҷик ҳамроҳи худ зану фарзандонашонро низ ба муҳоҷират мебаранд.
Шаҳри Волхов бо тақрибан 38 ҳазор сокин дар ду соҳили рӯди Волхов ва дар наздикии кӯли Ладога, дар тақрибан 135-километрии шарқи шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.