СОЯ ҲАМСОЯИ ХУБ АСТ…

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук
СОЯ ҲАМСОЯИ ХУБ АСТ…
Ҳар ҷазоест ризои тани бар чоҳи ман аст,
Ҳар хатоест сазои дили гумроҳи ман аст.
Соя ҳамсояи хуб аст* дар ин бероҳӣ,
Ҷои он ҳамсафари гумшуда ҳамроҳи ман аст.
Ману бод аз раҳи тақдири худо мегузарем,
Ёд гум кардаву аз хеш ҷудо мегузарем.
Ҳама ҳайрон шуда аз бебасарии ману бод,
Ки чаро боз аз ин роҳи хато мегузарем?
Шунав, ай бехабар, аз ҳоли забуни дили ман,
Шиша бо санг ба ҷанг аст даруни дили ман.
Пурсиям сурхии ин шеъри парешон зи куҷост,
Шеър олудаи ранг аст зи хуни дили ман.
Абр борон шаваду сар кашад аз дидаи ман,
Ханда гирён шавад аз ҳасрати ночидаи ман.
Осмон наъраи тундар занад аз ночорӣ,
Ғам пушаймон шавад аз умри наосудаи ман.
Ёлаҳо дар ҳаваси об биоянд ба ҳуш,
Нолаҳо оҳ бароранду бирезанд ба ҷӯш,
Ошиқон шиква фурӯшанд зи бедодгарӣ,
Оқилон сар ба фурӯ бода бинӯшанд хамӯш.
——–
* Ибора аз Ҷамолиддини Сайфиддин аст


Соя ҳамсояи гунг аст, соя гоҳҳо зи адӯст,
Соя гоҳ аз ту бузург асту зи дӯстони адӯст.
Соя тарки ту кунад, гар набинад нуру зиё,
Ё, ки хуршед набошад падид дар ҳама ҷо.