КУШТОРИ 13 КАС ДАР КОНИБОДОМ ДАР БАЙНИ 2 МОҲ: ҚОТИЛОН – ДАР ОЗОДӢ, СОКИНОН – ДАР ТАРСУ ҲАРОС…
Куштори пурасрори 6 узви 2 оила аз ҷамоати Лоҳутӣ дар канори шаҳри Конибодом, ки шаби 28 майи соли 2024 рух дод, инак чанд рхӯз боз як хабари аввали вирди забони мардум ва мақомот дар Тоҷикистон боқӣ монда, то ҳол дар озодӣ қарор доштани қотилон сокинони Конибодомро ҳамчунон дар ҳоли тарсу ҳарос ва таҳлука нигоҳ медорад. Аммо маълум мешавад, ки танҳо дар ду моҳи охир – аз поёни мощи март то поёни моҳи майи соли 2024 – дар Конибодом алакай 13 нафар ба чунин сурати пурасрор кушта шудаанд ва ончӣ ин ҳама куштори ин ҳамаро ба якдигар мепайвандад, хусусияти оилавӣ доштани ин ҷиноятҳои сангин аст, яъне қотилон дар ҳар маврид аъзои як оиларо қатл кардаанд.
Ин силсилаи кушторҳо аз куштори 5 узви хонаводаи Шариповҳо дар Конибодом оғоз ёфт. Он вақт мақомот ин фарзияро матраҳ карда буданд, ки гӯё “шаҳрванд Муҳиддинбой Шарипови 65-сола, сокини шаҳри Конибодом дар манзили истиқоматиаш ҳамсараш Майрам Шарипова, келинаш Фирӯза Шарипова ва наберагонаш Абӯбакр Шарипов, хонандаи синфи 3 ва Азиза Шарипова, хонандаи синфи 1-умро бо роҳи эҳтимоли буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст. Баъди ин ҳолат Муҳиддинбой Шарипов худашро низ бо роҳи овехтан ба ҳалокат расонидааст”.
Муҳиддинбой Шарипов соҳиби 3 писар буд, ки ҳарсеяш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштанд. Аммо инки Муҳиддинбой Шарипов гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ набуд ва пеш ягон бор суд ҳам нашуда буд, шакку гумонҳоеро ҳанӯз ҳамон вақт ба вуҷуд оварда буд, ки оё як марди солим ва рӯзгордида чӣ гуна метавонад ҳамсару келин ва ду набераи хурдсоли худро бо дастони худ буғӣ карда бикушад?
Азия Плюс рӯзи 5 июн хабар дод, ки ин фарзия дар ҳақиқат ботил баромад ва дар асл, “қотил ё қотилон пас аз куштор бо мақсади гумроҳ кардани муфаттишон ва пинҳон доштани изи худ ҷасади падари хонаводаро овехтаанд ва ҳоло кормандони ҳифзи ҳуқуқ қотилро меҷӯянд”.
Ҳамин тавр, шаби 16 ба 17-уми апрел дар ҷамоати Ғафурҷон Ортиқови Конибодом ҷасади зану шавҳарро дар хонаашон бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо карданд. Сабаби куштор ва қотил ё қотилони ин зану шавҳарро то ҳол маълум накардаанд.
Ва билохира, шаби 28 ба 29-уми май дар деҳаи Санҷидзор ва Ҷаҳонзеб (собиқ Қарақчиқум) дар ҷамоати Лоҳутӣ дар як шаб 6 узви ду оила, аз ҷумла ду ноболиғро бераҳмона куштанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳамаи онҳоро буғӣ карда, куштаанд.
Дар ддеҳаи Ҷаҳонзеб қотил (ё қотилон) ҳамшираи тиббӣ Маҳбуба Ахмедоваи 38-сола ва ду фарзанди ноболиғи ӯ: духтараш Нозанин Ахмедоваи 16-сола ва писари 14-солааш Дамирҷон Ахмедовро ба ҳалокат расонданд. Дар деҳаи Санҷидзор 3 узви як оилаи қирғизтаборон: муовини мудири мактаби №28-и ин деҳа Зулхо Иброҳимови 54-сола, бародари 46-солаи ӯ Абдуфаттоҳ Иброҳимов ва ҳамсари бародараш Қурбонгул Иброҳимоваи 45-соларо ба қатл расониданд. Он шаб дар хонаи Ахмедовҳо се кӯдак, аз ҷумла як тифли ҳаштмоҳа низ буд, вале қотил (ё қотилон) кӯдаконро даст нарасонданд.
Мукаррам Ахмедова, хушдомани Маҳбуба Ахмедова, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, оилаи писараш бо касе хусумат надошт ва ҳудуди 20 сол як зиндагии орому осуда дошт. Мукаррам овозаҳо дар бораи дуздии маблағи калонро аз хонаи келинаш дар шаби кушгтор рад кард. Ба гуфтаи ӯ, писараш Баҳодур Ахмедов тоза моҳи апрели соли равон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд ва як муҳоҷири оддӣ буд.
Ҷасади Маҳбуба Ахмедова ва ду кӯдакашро ҳамсояҳо дар хонаҳои алоҳида пайдо кардаанд.
“Вақте Маҳбуба тамоми шаб ба зангҳои телефонӣ ҷавоб намедиҳад, писарам аз ҳамсоя хоҳиш мекунад, ки оилаашро огоҳ кунад. Вақте ҳамсоя ба хона медарояд, якум Дамирҷони 14-соларо кушта меёбад. Келинамро фарёд мекунад, ки садо намебарояд. Дуюм хонаро мебинад, ки келин ҳам беҷон хобидааст. Се аҳли оилаи маро дар се хона кушта рафтаанд”, – нақл кард Мукаррам Ахмедова.
Ҷасади Маҳбуба Ахмедова ва фарзандонаш Нозинину Дамирҷонро рӯзи 30-юми май дар қабристони деҳаи Ҷаҳонзеб ба хок супориданд.
Мактаби қирғизии №28-и деҳаи Санҷидзор ҳоло ба як навъ ситоди мақомоти қудратӣ, ки ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, мубаддал шудааст. Омӯзгорону хонандагони ин мактабро муваққатан ба мактаби дигар гузаронидаанд. Аз ситод касе ҳозир нашуд, ки бо журналистон суҳбат кунад ва тавсия доданд, ки ба раёсати вилоятӣ муроҷиат намоем. Аммо дар раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба далели халал нарасондан ба тафтишот аз шарҳи ин қатлҳои пурсарусадо ва пуртаҳлука дар Конибодом феълан худдорӣ мекунанд.
Ҳоҳарони мотамзадаи Маҳбуба Ахмедова
Куштори пурасрори 13 нафар дар Конибодом: қотилон номаълум, сокинон дар тарсу ҳарос
Муаллиф: Фарзона Муродӣ, Asia-Plus
Гузориш аз деҳаи Санҷидзори Конибодом, ки ҳафтаи гузашта 6 нафар аъзои ду оила ба қатл расонида шуданд.
Хабари куштори 13 аъзои чаҳор оила дар Конибодом, ки дутояш дар деҳаи Санҷидзор мебошад, сокинони деҳа ва рустоҳои гирду атрофи онро нигарон кардаву ба таҳлука андохтааст. Ин ҳодисаҳо боис шуданд, ки бархе сокинон дарвозаҳои худро баста, муваққатан ба хонаи наздиконашон ба дигар минтақаҳо кӯч банданд.
“Азия-Плюс” рӯзҳои 31-уми май ва 3-юми июн барои дарёфти иттилои бештар оид ба ин ҳодисаҳо, суҳбат бо наздикони кушташудаҳо ва шиносоӣ бо вазъи деҳа ба рустои Санҷидзор рафт. Аксари ҳавлиҳоро беодам, дари хонаҳоро қулфзада ва сокинонро дар ҳолати нигаронӣ дарёфтем. Бошандагони ин деҳа тоҷикон ва қирғизҳои таҳҷоӣ мебошанд.
Дар Конибодом чӣ мегузарад?
Дар охири моҳи март 5 аъзои оила дар шаҳри Конибодом кушта шуданд. Мақомот аввал эълон карданд, ки марди 65 сола ҳамсару келин ва ду набераи ноболоғашро ба қатл расонида, сипас худкушӣ кардааст. Аммо дертар маълумот пайдо шуд, ки қотил ё қотилон пас аз куштор бо мақсади гумроҳ кардани муфаттишон ва пинҳон доштани изи худ ҷасади падари хонаводаро овехтаанд ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ қотилро меҷӯянд.
Шаби 16 ба 17-уми апрел дар ҷамоати Ғафурҷон Ортиқови Конибодом ҷасади зану шавҳарро дар хонаашон бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо кардаанд. Сабаби куштор ва қотил маълум нест.
Охирон, шаби 28 ба 29-уми май 6 нафар аъзои ду оила, аз ҷумла ду ноболиғро ба қатл расониданд.
Дарвозаи хонаи Маҳбуба Ахмедова, ки мақомот муҳр задаанд.
Asia-Plus
Мувофиқи иттилои пешакии мақомот, ҳамаи кушташудагон бо роҳи буғӣ кардан ба қатл расонида шудаанд.
Мақомоти қудратӣ куштори бераҳмонаи оилаҳоро шарҳ намедиҳанд. Акбар Шарипов, масъули кор бо ВАО дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳодисаҳои куштор дар шаҳри Конибодомро дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, вале аз додани иттилои бештар барои халал ворид накардан ба рафти тафтишот худдорӣ кард.
Тафсилоти куштори се узви як оила
Мукаррам Ахмедова, хушдомани Маҳбуба Ахмедова, ҳамшираи шаби 28-29 май ҳамроҳи ду кӯдаки ноболиғаш кушташуда, то ҳол ба суоли он ки кӣ ва чаро келину набарҳояшро бо чунин бераҳмӣ куштааст, посух меҷӯяд.
Ӯ дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, оилаи писараш бо касе хусумат надошт ва ҳудуди 20 сол як зиндагии орому осуда дошт. Мукаррам овозаҳо дар бораи дуздии маблағи калонро аз хонаи келинаш дар шаби кушгтор рад кард. Ба гуфтаи ӯ, писараш моҳи апрели соли равон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт ва як муҳоҷири оддӣ буд.
Мукаррам Ахмедова
Asia-Plus
Ҷасади Маҳбуба Ахмедова ва ду кӯдакашро ҳамсояҳо дар хонаҳои алоҳида пайдо кардаанд.
“Вақте Маҳбуба тамоми шаб ба зангҳои телефонӣ ҷавоб намедиҳад, писарам аз ҳамсоя хоҳиш мекунад, ки оилаашро огоҳ кунад. Вақте ҳамсоя ба хона медарояд, якум Дамирҷони 14-соларо кушта меёбад. Келинамро фарёд мекунад, ки садо намебарояд. Дуюм хонаро мебинад, ки келин ҳам беҷон хобидааст. Се аҳли оилаи маро дар се хона кушта рафтаанд”, – нақл кард Мукаррам.
Ҷасади Маҳбуба Ахмедоваи 38-сола, Нозинин Ахмедоваи 16-сола ва Дамирҷон Ахмедови 14-соларо рӯзи 30-юми май дар қабристони деҳаи Ҷаҳонзеб (пешина Қарачқум) ба хок супориданд.
Мактаб “ситод”-и тафтишотӣ
Мактаби қирғизии №28-и деҳаи Санҷидзор ба як навъ ситоди мақомоти қудратӣ, ки ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, мубаддал шудааст. Рӯзи 3-юми июн вақте аз ин мактаб дидан кардем, омӯзгорону хонандагон набуданд, онҳоро ба мактаби дигар гузаронидаанд. Аз ситод касе ҳозир нашуд бо журналистон суҳбат кунад ва тавсия доданд, ки ба раёсати вилоятӣ муроҷиат намоем.
Яке аз кушташудагон дар шаби 28 ба 29-уми май Зулхо Иброҳимова, муовини директори ин мактаб буд, ки ҳамроҳи додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимов ва ҳамсари ӯ Қурбонгул Иброҳимова ба қатл расонида шуд. Онҳо сокинони қирғизтабори деҳаи Санҷидзор мебошанд.
Аз ин оила се кӯдак ятим монд ва ҳоло дар ихтиёри мақомоти давлатӣ қарор доранд. Хостем бо наздикони ин оила ҳамсуҳбат шавем, аммо ҳамсоягонаш гуфтанд, дар деҳаи Санҷидзор касе надоранд ва эҳтимол хешу ақрабояшон дар Қирғизистон бошанд.
Зимнан, мақомоти баландпояи қудратии кишвар ба таҳқиқи ин ҳодиса пардохтаанд ва сокинони деҳа ва гирду атрофи онро ба ситоди тафтишотӣ-мактаби №28 даъват ва бозпурсӣ мекунанд.
Мактаби №28 деҳаи Санҷидзор
Asia-Plus
“Аз тарс бозор ҳам нарафтем”
Сокинони деҳаи Санҷидзор ва рустоҳои гирду атрофи дар пайи кушторҳои пайиҳам шабҳо хоби роҳат надоранд ва фарзандону наздикони муҳоҷирашон ҳам аз ин вазъ нигаронанд.
Турдигул Ҷолдошова, зани 72-солаи сокини қирғизтабори деҳа мегӯяд, дар умраш бори аввал “чунин даҳшатро шунидааст”.
“Ману муйсафед танҳоем. Ду писарамон барвақт фавтиданд, духтарҳо дар хонаи шавҳарашон. Ҳавлиҳо васеъ, дарвоза ҳам надорем, деворҳо пасту кӯчида. Ин манзара албатта нигаронии моро дучанд мекунад. Зеро ҳар касе хоҳад бемушкил вориди хона мешавад.
Як духтарам муаллима аст, чанде пештар 100 сомонӣ дод, ки бозор рафта маҳсулот харед. Аммо аз тарс бозор ҳам нарафтем”, – нигаронӣ кард Ҷолдошева.
Турдигул Ҷолдошова
Asia-Plus
Нигаронии муҳоҷирон ва кӯчбандии аҳолӣ аз деҳа
Абдусалом Абдураҳмонови 71-сола, сокини кӯчаи Ҷавонони деҳаи Ҷаҳонзеб дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳарчанд кушторҳои пайдарпай дар деҳаи ҳамсоя рух додааст, аммо онҳо низ дар тарсу ҳаросанд.
“Як писарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Қабл аз ҳодисаҳо дар ду се шаб як бор занг мезад, ҳоло ҳар ду се соат занг зада аз ҳоли мо ва деҳаю шаҳр мепурсад. Ин ҳодисаҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҳам ноором кардааст”, – гуфт ӯ.
Абдусалом Абдураҳмонов
Asia-Plus
Ҳамсуҳбати мо нақл кард, ки дар баъзе аз маҳаллаҳое, ки мард надорад, то ором шудани вазъ ситод ташкил карда, 2-4 мард ҳамчун посбон мондаанд.
Ӯ нақл кард, ки ҳар бегоҳ занони танҳо “мисли кучманчӣ дари хешу таборашон меравад. Чашми ҳама ба мақомот, то ҷинояткоронро зудтар ёбанд вазъияти ноороми мо оромиш ёбад”.
Манбаъ: Азия Плюс