ҲАЛОКАТИ МОТОСИКЛРОНИ 40-СОЛА ВА МУСОФИРИ 83-СОЛА ДАР 2 САДАМА ДАР КӮШОНИЁН ВА ЛАХШ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи ду садамаи марговар дар ҷамоати Бӯстонқалхаи ноҳияи Кӯшониён дар ҷануби ҷумҳурӣ ва дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар водии Рашт дар шарқи кишвар хабар дод. Дар Кӯшониён бар асари ба мотосиклаш бархӯрдани “ГАЗ 24” ронандаи чилсолаи мотосикл ҷон додааст ва дар Лахш дар натиҷа бархӯрди “Опел” бо “Тико” як мусофири 83-солаи “Тико” ба ҳалокат расида, ронандаи ин мошин ҷароҳатҳои взнин бардоштааст.
Бино ба иттилои ВКД, шоми 3-юми июни соли 2024, тахминан соати 21:35, ронандаи мошини тамғаи “ГАЗ-24”, Набиев Ҳабибулло Авлобердиевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Левакант ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мототсиклрон Кенҷаев Темур Валиевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа, Кенҷаев Т.В. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин нимаи аввали рӯзи 4-уми июни соли 2024, тахминан соати 10:20, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра”, Лоиқов Фарух Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сайрон ба самти маркази ноҳияи Лахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили самти ҳаракаи роҳ баромадааст ва бо мошини тамғаи “ТИКО”, таҳти идораи ронанда Вайсов Азизулло Асламович, соли таваллудаш 1961, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст. Дар натиҷаи бархӯрд, мусофири мошини тамғаи “ТИКО”, Тайтов Ардақул, соли таваллудаш 1941, сокини ноҳияи Лахш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ронандаи мошини тамғаи “ТИКО” Вайсов А.А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафсилоти дигари ин ду ҳодиса дастрас нест. ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста шуда, ҳар сол бар асари садамаҳо дар ин кишвар то 400 нафар кушта ва то 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.