ВидеоКоррупсияТоҷикистон

БОЗДОШТИ РАИСИ ШАҲРАКИ МОСКВАИ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ БО 99 ҲАЗОРУ 500 СОМОНӢ ПОРА

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 июни соли 2024 аз боздошти Ҷамолиддин Набиев, раиси ҷамоати шаҳраки Москва, маркази маъмурии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон барои гирифтани пора хабар дод. Гуфта мешавад, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ҳангоми боздошт аз мансабдори баландпояи ҳамакнун метавон гуфт, ки собиқ, маблағи  99 ҳазору 500 сомонӣ (ҳудудан 9 ҳазор доллар) пули пораи гирифтааш ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд. Тафтиши ин парванда алакай ба анҷом расида, барои баррасӣ ба додгоҳ супурда шудааст.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин қазия гуфт: “Бо гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки раиси ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон Набиев Ҷ.И. бо истифода аз ваколати мансабӣ моҳи феврали соли 2024 барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони сехи истеҳсолӣ ва дузандагӣ дар ҳудуди ҳамин Ҷамоати шаҳрак аз шаҳрванд Я.Х. маблағи 100 000 сомониро ба сифати пора талаб намуда истодааст. Дар ин асно, худи ҳамон вақт аз ҳисоби кормандони Агентӣ гурӯҳи оперативӣ – тафтишотӣ таъсис дода шуда, Набиев Ҷ.И. баъди ба сифати пора гирифтани маблағи 99 ҳазору 500 сомонӣ аз шаҳрванд Я.Х. дар утоқи кории худ дастгир гардида, ин маблоағ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта ва гирифта шуд”.

Дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҷамолиддин Набиев бар асоси  бо моддаи 319, қисми 4, банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор ба маблағи бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ин парванда баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқ шудани фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардид. Ба Набиев бар асоси қисми чоруми моддаи 319 ҳамчун ҷазо аз 7 то 12 с оли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати 5 сол таҳдид мекунад.

Тоҷикистон дар умум яке аз фасодзадатарин давлатҳои дунё дониста шуда, имсол дар раддабандии ҷаҳонӣ дар байни 180 кишвар аз лиҳози сатҳи коррупсия дар мақоми хели пасти 162, яъне дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзада ҷой дода шуд.

Яке аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар сохтори давлатии Тоҷикистон маҳз ҷамоатҳо ном бурда мешаванд. Нозирони умур мегӯянд, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мансабҳои раисони ҷамотҳо аксаран аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо фурӯхта мешаванд ва дар натиҷа ба ин мансабҳо шахсони аксаран нолоиқ ва тасодуфӣ таъйин шуда,  кори худро аз порагирӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар пӯшондани пули барои харидани ин мансаб харҷкардаашон шурӯъ мекунанд.

Яке аз манбаъҳои асосии порагирии раисони ҷамоатҳо ваъдаи ба сокинон ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони манзил ваё дӯкону мағоза ё корхона ба шумор меравад.Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон қаблан эътироф карда буд, ки  дар шароити афзоиши рӯзафзуни аҳолӣ тақсими қитъаҳои замин дар ҷумҳурӣ ба мушкили №1 табдил ёфтааст.

12 феврали соли 2004 номи ноҳияи Москва, ки дар ҷануби Тоҷикистон, дар соҳили Амӯдарё, дар марз бо Афғонистон ҷойгир шудааст, ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иваз карда шуд. Вале маркази ноҳия номи Москваро то ҳол ҳифз кардааст. Таърихан ин мавзеъ Чӯбек ном дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button