БАРХӮРДИ ПУРҚУРБОНИИ ҚАТОРИ БОРКАШ БО ҚАТОРИ МУСОФИРБАР ДАР ЧЕХИЯ (ВИДЕО + АКС)
Шаби чоршанбе, 5 июни соли 2024, соати 22:53 дар шаҳри Пардубитсе, воқеъ дар 110-километрии шарқи шаҳри Прага, пойтахти Чехрия қатори мусофирбари ширкати RegioJet, ки аз Прага ба шаҳри Чопи Украина ҳаракат дошт, бо қатори боркаши ширкати роҳи оҳани Ҷумҳурии Чех ČD Cargo сар ба сар задааст. Дар натиҷаи садама 4 нафар ба ҳалокат расида, 27 нафарро бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористҳои Пардубитсе ва шарҳои ҳамсояи Ҳрудим ва Ҳрадетс-Кралове бистарӣ кардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Украина рӯзи 6 июн тасдиқ кард, ки дастикам ду зани ҳалокшуда шаҳрвандони Украина будаанд.
Дар умум дар қатори мусофирбар 380 нафар ҳаракат доштанд. Дар байни осебдидагон кӯдакон низ ҳастанд.
Бархӯрди ду қатор чунон шадид буд, ки аз ҳарду қатор чандин вагон аз роҳи оҳан берун гардида, қисме аз онҳо чаппа шуданд. Қатори мусофирбари RegioJet аз 13 вагон иборат буд. Вагони аввали ин қатор комилан пачақ шуд ва бештари қурбониён низ аз ҳамин вагон буданд. Қатори боркаш аз 21 вагон иборат буда, беш аз 500 метр дарозӣ доштааст.
Дар ҷои ҳодиса 36 дастаи сӯхторнишонҳо, ду чархболи наҷотдиҳӣ ва даҳҳо мошини “Ёрии таъҷилӣ”, аз ҷумла аз шаҳри ҳамсояи Ҳрадетс-Кралове ба осебдидагон кумак расонданд. Наҷотбахшон дар навбати аввал осебдидагонро аз вагонҳо бароварда, кумаки аввалияро ба онҳо дар худи ҳамон ҷо, дар назди вагонҳои чаппашуда расонданд. Ба мусофироне, ки аз ин садама ҷони солим ба дар бурданд, то замони пурра баровардани мусофирони осебдида, иҷозати тарки вагонҳо надоданд, то ки ба амалиёти наҷотдиҳӣ халал нарасонанд.
Корманди пулиси Пардубитсе Роман Мрквичка, ки яке аз аввалинҳо шуда, худро ба ҷои ҳодиса расонд, ба журналистон нақл кард, ки вақте ба ин ҷо омад, ӯро хомӯшии мутлақ ба ҳайрат андохт. “Ягон овоз, фарёд, гиря, нола шунида намешуд. Мардум дар атрофи вагонҳо хомӯшу сокит қадам мезаданд. Маълум буд, ки дар ҳолати шок қарор доранд ҳама. Яке аз вагонҳо чунон сахт пачақ шуда буд, ки мардум дар дохилаш дармонда буд”, – нақл кардааст ӯ.
Петр Фиала, сарвазири Чехия бо изҳори ҳамдардӣ ба қурбониёни ин фоҷиа гуфт: “Бархӯрди қаторҳо бадбахтии бузургест. Мо ҳама дар фикри қурбониён ва осебдидагонем”.
Нозироти роҳи оҳани Чехия сигнали сурхи семафорро сарфи назар кардану ба ҳаракат идома додани ронандаи қатори мусофирбарро сабаби эҳтимолии ин садама номидааст.
Раҳбари ширкати RegioJet Радим Янчура низ ба пайвандони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард ва гуфт, ширкаташ омода аст, ба осебдидагон кумаки ҳамаҷониба расонад ва товон пардохт кунад. Ӯ ҳамчунин ҷиҳати ироаи тамоми кумаки лозим барои таҳқиқи ин ҳодиса изҳори омодагӣ кард.
Баъди шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина Чехия ба беш аз ним миллион паноҳҷӯи украинӣ дар қаламраваш паноҳ дод. Аксари онҳо занону кӯдаконанд.