ВидеоҲодиса

2 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДУШАНБЕВУ ДӮСТӢ ВА БАҲСИ 300 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПУЛИ ҒӮЛИНГ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 6 июни соли 2024

Ҳалокати ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ

114

Шоми 2-юми июни соли 2024, тахминан соати 21:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Муҳтоҷев Абдулло Мирзоевич, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат бо роҳи кӯчаи А.Ҷомӣ аз самти кӯчаи Борбад ба самти кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Сафарова Мунира Музафаровна, соли таваллудаш 1988, сокини пойтахтро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Сафарова М.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, 4-уми июни соли 2024 ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, шоми 4-уми июни соли 2024, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Панҷиев Баҳодур Гилдиёрович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Нури Вахш ба самти ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ҳамин ноҳия, дучархарон Примов Бахтиёр Оҷилович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Примов Б.О. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ вобаста ба хариду фурӯши хушкмева

23

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри Гулистон даромада, аз ӯ миқдори зиёди меваи хушкшудаи зардолуро ба маблағи 300 ҳазор доллари амрикоӣ, тариқи ғайринақдӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар мӯҳлати кутоҳ маблағашро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда аз ин маблағҳо 235 ҳазор доллари амрикоиро дода боқимонда, маблағҳояшро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button