ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

“СОМОН ЭЙР” ШУМОРАИ ПАРВОЗҲОЯШ АЗ ДУШАНБЕ БА МЮНХЕНРО АФЗОИШ ДОД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 4 июни соли 2024 афзоиши шумораи парвозҳояш дар самти Душанбе – Мюнхен – Душанбе хабар дод.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти “Сомон Эйр”, алакай аз 5-уми июн ин  ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳояшро аз Душанбе ба Мюнхен ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом хоҳад дод. Ширкат гуфт, зиёд шудани парвозҳо байни Душанбе ва Мюнхен барои мусофирон ҳангоми банақшагирии сафарҳояшон имкониятҳои бештар фароҳам меорад.

Ҳам рӯзҳои чоршанбе ва ҳам шанбе вақти парвоз аз Душанбе – соати 00:10, яъне ними шаб ва аз Мюнхен – соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 сурат мегиранд.

Хатсайри Душанбе – Мюнхен – Душанбе ягона хатсайри мустақим аз Тоҷикистон ба Аврупост. Албатта, ба истиснои парвозҳо ба шаҳрҳои қисмати аврупоии Русия ва ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравии минтақаи Қафқоз.

Фурудгоҳи Мюнхен баъди фурудгоҳи Франкфурти лаби Майн дуюмин фурудгоҳи бузурги Олмон буда, барои анҷоми сафарҳо аз Тоҷикистон ба Аврупо ва ба далели иртиботаш бо даҳҳо фурудгоҳи дигари дунё барои парвозҳои транзитӣ низ мувофиқ аст.

Баъди ба иллати мушкилоти молиявӣ ҳамаи парвозҳояшро қатъ кардани ширкати “Тоҷик Эйр”, “Сомон Эйр” инак 5 сол боз ягона ширкати фаъоли ҳавопаймоии Тоҷикистон ба шумор меравад. “Сомон Эйр” дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва ба шаҳрҳои гуногуни Русия парвозҳо анҷом медиҳад.

 Парки “Сомон Эйр” аз чанд ҳавопаймои тамғаҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст.

Танҳо дар моҳҳои апрелу майи соли ҷорӣ “Сомон Эйр аз ифтитоҳи се парвози нав: аз Душанбе ба Остона, аз Хуҷанд ба Урумчӣ ва байни Душанбеву Тифлис ва инак аз афзоиши парвозҳояш ба Мюнхен хабар дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button