ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатТоҷикистонҲуқуқи инсон

НАХУСТИН АКС ВА НАХУСТИН СУҲБАТИ СУЛАЙМОН ДАВЛАТОВ БАЪДИ ОЗОДИАШ ДАР ЛИТВА

Фаъоли мухолифи тоҷик Сулаймон Давлатов баъди ду моҳи боздошташ дар Литва озод карда шуд. Хабари озодиашро дар нахустин мусоҳибааш бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” худи Сулаймон Давлатов шаби 4 ба 5 июни соли 2024 тасдиқ кард.

Ӯ гуфт: “Дирӯз, 3 июн, дар додгоҳи Вилнюся мурофиаи навбатии масъалаи ман доир шуд. Азбаски ду моҳи боздошти ман дар боздоштгоҳи муҳоҷирони рӯ ба ихроҷ ба поён мерасид, Департаменти муҳоҷирати Литва аз додгоҳ дархост кард, то замони боздошти маро 3 моҳи дигар тамдид кунад. Вале додрас ин дархостро напазируфт ва ба хулосае расид, ки азбаски ман дар Литва хонаву дари худро дорам ва ба болои ин, ҳамсари ҳомилаам ва 3 фарзанди хурдсоли мо ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, ҷои ман боздоштгоҳ нест, салоҳ ин аст, ки дар озодӣ бошам, на паси панҷара. Мурофиа дирӯз шуд ва қарори додгоҳ имрӯз, 4 июн, соати 16 баромад. Ва маро алакай соати 17 аз боздоштгоҳ озод карданд”.

Сулаймон Давлатов дар суҳбаташ бо “Бомдод” ба озодӣ расиданаш баъди ду моҳи боздоштро нишонаи пирӯзӣ номид ва гуфт: “Ба ақидаи ман, ин як қадами бузург ба сӯи пирӯзист. Мо ба муборизаи худ то замони лағви қарори бекор кардани мақоми паноҳандагии ман давом медиҳем. Ман боварӣ дорам, ки мо ба ин ҳам ноил мешавем, чунки ҳақиқат ва адолат ҳарду дар тарафи мост”.

Сулаймон Давлатов, зодаи шаҳри Ваҳдат ва узви собиқи ҳаракати оппозитсионии фаъолияташ феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон, ки 38 сол дорад ва аз соли 2015, инак 9 сол боз ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ ҳамроҳи зану фарзандонаш дар Литва ба сар мебарад, рӯзи 5 апрели соли 2024 дар назди тарабхонааш дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва, дастгир шуд. Давлатов, ки қаблан дар шаҳри Санкт Петербурги Русия тиҷорат дошт, дар Литва низ ба тиҷорат машғул буд ва аз ҷумла дар Вилнюс ошхонаву мағоза ва нонвойхона дошт.

Алакай баъди ду ҳафтаи боздошташ, рӯзи 22 апрели соли 2024 мақомоти Литва ӯро дар мавриди бекор шудани мақоми паноҳандагиаш ва қабул шудани қарори ихроҷаш аз қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо хабардор карданд.

Мақомоти амниятии Литва аз ҷумла ӯро ба иштирок дар тазоҳурот ба тарафдорӣ аз Фаластин ва дигар масоили марбут ба Фаластин, иртибот бо падару модар ва бародараш, ки дар Русияанд, муттаҳам карда, дар ин ҳама таҳдид ба амнияти Литваро мушоҳида кардаанд ва дар айни замон, Идораи муҳоҷирати Литва ба хулосае расида буд, ки азбаски Давлатов дигар узви “Гуруҳи 24” нест, дар сурати ихроҷаш ба Тоҷикистон гӯё таҳти таъқибу боздошт қарор нахоҳад гирифт.

Сулаймон Давлатов аз ин қарор шикоят бурд ва талаб дошт, ки то анҷоми баррасии шикояташ ӯро озод кунанд.  Дар муроҷиатномааш, Давлатов аз ҳукумат ва мақомоти додгоҳии Литва даъват карда буд, ки иттиҳомоти ба зидди ӯ эълонкардаи Департаменти амнияти давлатиро мӯшикофона тафтиш кунанд, чунки, ба бовари худи ӯ, ин иттиҳомот  ҳама “бар иштибоҳ, нофаҳмӣ ва баёноти сохтаву бофта асос ёфтаанд”. Ӯ ҳамчунин ба паҳлуи инсонии қазияаш таъкид карда, навишта буд, ки ҳамсараш тавони мустақилона нигоҳубин кардани се фарзанди хурдсолашонро, ки ҳамагӣ аз ду то панҷуним сол доранд, надорад ва ба болои ин, ҳоло боз ҳомила  аст.

Сулаймон Давлатов баъди соли 2017 аз узвияти расмии созмонҳои оппозитсионӣ даст кашид, вале дар Интернет ҳамчунон фаъол буд ва аз сиёсатҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон  ва ҳамзамон аз раҳбарони мухолифин интиқод мекард.

Ин бори аввал нест, ки Сулаймон Давлатов дар Аврупо боздошт мешавад.

Соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти “Гуруҳи 24” аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ва мавҷи боздоштҳои аъзои он, Сулаймон Давлатов аз Петербург ба Финландия фирор кард, вале 20 феврали соли 2015 ӯро дар Финландия бар асоси дархости Интерпол дастгир карданд. Маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон ин фаъоли мухолифи ҳукуматро бо иттиҳомоти сангине, ба мисли “ба ҳайъати гуруҳҳои ифротӣ ҷалб кардану ба Сурия фиристодани ҷавонони тоҷик” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Он вақт додгоҳи Финландия ба далели ангезаҳои сиёсии парвандааш аз истирдоди Сулаймон Давлатов ба Тоҷикистон даст кашид ва ӯро алакай моҳе баъд, 24 марти соли 2015 озод карданд.

Баъди раҳоияш аз боздошт Финландия тибқи Паймони Дублин Давлатовро ба Литва фиристод ва ӯ аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button