МО КУҶО РАВОНАЕМ? ҲАБСИ ДУ ДУХТАР ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ … БАДМАСТӢ ВА АВБОШӢ (2 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 5 июни соли 2024 дар бораи ба муҳлати 10 ва 7 шабонарӯз ҳабс шудани ду духтар барои … бадмастӣ ва майдаавбошӣ дар соати дуи шаб (!!!) хабар дод. Яке аз духтарҳои ҳабсшуда 22-сола ва дуюмӣ ҳамагӣ 19-сола будаанд.
Милитсия гуфт, аз меъёр зиёд нӯшидани машрубот дар аксар маврид билохира бо қонуншиканӣ анҷом ёфта, нафари сархушро шармандаву бадном месозад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон, кормандони ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрвандон:
- Каримбекова Сарвиноз Акбарҷоновна, санаи таваллудаш 21.04.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ва
- Ҷӯраева Фарзона Акрамбоевна, санаи таваллудаш 08.01.2005, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Саҳборо дастгир намуданд, ки маҳз дар ҳолати сархушӣ даст ба қонуншиканӣ задаанд.
“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон нимашаби 4-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 02:00, дар кӯчаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ, дар ҳолати мастӣ ба шаҳрвандон дарафтода, бо дашномҳои кабеҳ шаъну шарафи атрофиёнро паст задаанд. Ҳамзамон номбурдагон бо ҳамдигар низ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва оромиву осудагии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд”, – хабар дод милитсияи Душанбе.
Худи Сарвиноз Каримбекова ва Фарзона Ҷӯраева ё наздикони онҳо барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нестанд, вале милитсия гуфт, сабти муноқишаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён овардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ҳар ду духтар тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Додгоҳ дар навбати худ нисбат ба Каримбекова Сарвиноз ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз ва нисбат ба Ҷӯраева Фарзона ба муҳлати 7 шабонарӯз таъйин кардааст.
Бисёре аз корбарон навиштаанд, ки акнун чанд рӯзи оянда ин ду духтари авбош ҳавлии боздоштгоҳро рӯфта, хуб фикр хоҳанд кард, чунки ба чашми худ диданд, ки чӣ гуна инсонҳоро мастӣ ба пастӣ мебарад.
Дар ҷомиаи умдатан муҳофизакори Тоҷикистон нӯшидани шароб аз ҷониби занону духтарон ва афзун бар ин, даст ба авбошӣ задани бонувонро шадидан маҳкум мекунанд ва чунин ҳодисаҳо хеле кам, вале боз ҳам гоҳ-гоҳе рух медиҳанд.


Хотелось бы их наказали но необнародовпли такие события чтобы со временем нестало нормой. Мы мусулмане и это нам не к лицу.
Аз “баракат”-и қонуни манъи “фарҳанги бегона”?
Инҳоро ҷавондухтар номидан, таҳқире ба духтарони ҷавон хоҳад буд!