ЛИТВА БАЪДИ ДУ МОҲИ БОЗДОШТАШ ФАЪОЛИ ТОҶИК СУЛАЙМОН ДАВЛАТОВРО ОЗОД КАРД
Фаъоли мухолифи тоҷик Сулаймон Давлатов, ки аз 5 апрели соли 2024 дар кишвари Литва дар минтақаи соҳили Балтик дар боздошт қарор дошт, баъди ду моҳи боздошташ озод карда шуд. Хабари ба озодӣ расидани Сулаймон Давлатов шоми 4 июни соли 2024 дар саҳифаҳои фаъолон ва тарафдорони мухолифини тоҷик дар Аврупо пайдо шуд. Худи Сулаймон Давлатов хабари раҳоияшро ҳанӯз шарҳ надодааст ва маълум нест, ки ин озодии беқайдушарт аст ваё бар асоси ягон шарту шурут? Ӯ қаблан аз мақомоти Литва хоста буд, ки то замони анҷоми баррасии шикояташ аз ҳукми ихроҷаш аз Литва ӯро озод кунанд.
Сулаймон Давлатов, санаи таваллудаш 16 марти соли 1986, зодаи шаҳри Ваҳдат, узви собиқи ҳаракати оппозитсионии фаъолияташ феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон, ки аз соли 2015, инак 9 сол боз ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ ҳамроҳи зану фарзандонаш дар Литва ба сар мебарад, рӯзи 5 апрели соли 2024 дар назди тарабхонааш дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва, дастгир шуд. Давлатов, ки қаблан дар шаҳри Санкт Петербурги Русия тиҷорат дошт, дар Литва низ ба тиҷорат машғул буд ва аз ҷумла дар Вилнюс ошхонаву мағоза ва нонвойхона дошт.
Алакай баъди ду ҳафтаи боздошташ, рӯзи 22 апрели соли 2024 мақомоти Литва ӯро дар мавриди бекор шудани мақоми паноҳандагиаш ва қабул шудани қарори ихроҷаш аз қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо хабардор карданд.
Мақомоти амниятии Литва аз ҷумла ӯро ба иштирок дар тазоҳурот ба тарафдорӣ аз Фаластин ва дигар масоили марбут ба Фаластин, иртибот бо падару модар ва бародараш, ки дар Русияанд, муттаҳам карда, дар ин ҳама таҳдид ба амнияти Литваро мушоҳида кардаанд ва дар айни замон, Идораи муҳоҷирати Литва ба хулосае расида буд, ки азбаски Давлатов дигар узви “Гуруҳи 24” нест, дар сурати ихроҷаш ба Тоҷикистон гӯё таҳти таъқибу боздошт қарор нахоҳад гирифт.
Сулаймон Давлатов аз ин қарор шикоят бурд ва талаб дошт, ки то анҷоми баррасии шикояташ ӯро озод кунанд. Дар муроҷиатномааш, Давлатов аз ҳукумат ва мақомоти додгоҳии Литва даъват карда буд, ки иттиҳомоти ба зидди ӯ эълонкардаи Департаменти амнияти давлатиро мӯшикофона тафтиш кунанд, чунки, ба бовари худи ӯ, ин иттиҳомот ҳама “бар иштибоҳ, нофаҳмӣ ва баёноти сохтаву бофта асос ёфтаанд”. Ӯ ҳамчунин ба паҳлуи инсонии қазияаш таъкид карда, навишта буд, ки ҳамсараш тавони мустақилона нигоҳубин кардани се фарзанди хурдсолашонро, ки ҳамагӣ аз ду то панҷуним сол доранд, надорад ва ба болои ин, ҳоло боз ҳомила аст.
Сулаймон Давлатов баъди соли 2017 аз узвияти расмии созмонҳои оппозитсионӣ даст кашид, вале дар Интернет ҳамчунон фаъол буд ва аз сиёсатҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон ва ҳамзамон аз раҳбарони мухолифин интиқод мекард.
Ин бори аввал нест, ки Сулаймон Давлатов дар Аврупо боздошт мешавад.
Соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти “Гуруҳи 24” аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ва мавҷи боздоштҳои аъзои он, Сулаймон Давлатов аз Петербург ба Финландия фирор кард, вале 20 феврали соли 2015 ӯро дар Финландия бар асоси дархости Интерпол дастгир карданд. Маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон ин фаъоли мухолифи ҳукуматро бо иттиҳомоти сангине, ба мисли “ба ҳайъати гуруҳҳои ифротӣ ҷалб кардану ба Сурия фиристодани ҷавонони тоҷик” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.
Он вақт додгоҳи Финландия ба далели ангезаҳои сиёсии парвандааш аз истирдоди Сулаймон Давлатов ба Тоҷикистон даст кашид ва ӯро алакай моҳе баъд, 24 марти соли 2015 озод карданд.
Баъди раҳоияш аз боздошт Финландия тибқи Паймони Дублин Давлатовро ба Литва фиристод ва ӯ аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кард.