ҒАРҚ ШУДАНИ ДУ НАВРАС ДАР КАНАЛИ БИБИХОНУМ ДАР БОХТАР ВА ДАР КАРЕРИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
“Обу ҳавои гарме, ки дар ҷумҳурӣ ҳукмфармост, мисли оҳанрабо издиҳоми мардумро дар талаби ҷои салқини наҷотбахш ба тарафи соҳили кӯлу дарёҳо мекашад. Вале агар ба қоидаҳои бехатарӣ дар об фориғболӣ зоҳир шавад, об метавонад аз дӯсти инсон ба душмани ҷонаш табдил ёбад”.
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 4 июни соли 2024 гузоришаш дар бораи аз об берун овардани ҷасадҳои боз ду наврасро бо ҳамин ду ҷумлаи хеле таъсирбахш оғоз кардааст.
Бино ба иттилоии Кумита, рӯзи 1 июни соли 2024, тақрибан соати 16:00, як сокини 15-солаи шаҳри Бохтар ҳангоми оббозӣ дар канали Бибихонум ғарқ шуд. Барои ҷустуҷӯи ҷасад як гуруҳи иборат аз 13 наҷотбахш аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид. Ҷустуҷӯ қариб ду шабонарӯз идома ёфт ва танҳо субҳи 3 июн, тақрибан соати 10, ҷасади навраси ҷавонмаргро тақрибан 800 метр пойинтар аз ҷое, ки ғарқ шуд, пайдо карданд.
Рӯзи 3 июни соли 2024 ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи поёни карери ширкати “Сомон Сангрез” дар ноҳияи Рӯдакӣ, як навраси 14-сола аз деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ зери об шуд. Ба наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда танҳо баъди чанд соати ҷустуҷӯ муяссар шуд, ки ҷасади наврасро пайдо кунанд ва аз об берун биоранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда менависад, таҳлили ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ ниҳон медиҳад, як як сабаби умдаи ҳалокати одамон дар об ин оббозӣ кардани онҳо дар маконҳои барои оббозӣ номуносиб ва ҳатто мамнӯъ буда, ҳамчунин надонистани қоидаҳои оббозӣ ва оббозӣ дар ҳолати мастӣ аз сабабҳои дигари умдаи ғарқшавии мардум аст. Дар мавриди кӯдакон бошад як сабаби асосӣ онҳоро беназорат мондани волидон номбар мешавад. Хаста шудан ҳангоми оббозӣ, ё гармову сармо задани оббозон аз дигар сабабҳои ғарқшавӣ ном бурда мешаванд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз шаҳрвандон хостааст, ки дар лаби обу даруни об хеле ҳушёр бошанд, нисбат ба бехатарии худ фориғболӣ нишон надиҳанд ва ҷони худро дар хатару наздикони худро дар мотам наандозанд!
Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи соли 2023 дар обҳои Тоҷикистон 181 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаку навраси то синни 16 ва 36 зану духтар ғарқ шуданд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд.
Бар асоси охирин омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, имсол то санаи 3 июни соли 2024 дар Тоҷикистон алакай 52 нафар, аз ҷумла 21 ноболиғи то синни 17 ғарқ шудаанд.
Танҳо дар як ҳафтаи охир дар бораи ғарқ шудани дастикам 7 кӯдаку наврас хабарҳо ба даст расид.
Аз ҷумла 25 майи соли 2024 як духтарчаи 12-сола аз деҳаи Қизилсӯи ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор, ки ба падараш дар чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳии Чорнова дар ноҳияи Мӯъминобод кумак мерасонд, даруни оби сел афтода, ғарқ шуд. Ҷасади духтарчаро аз як сойи селпарто дар ҳудуди деҳаи Лангари ноҳияи бо Мӯъминобод Шамсиддин Шоҳин пайдо карданд.
Субҳи 27 май, тақрибан соати 7:30, як духтарчаи 11-солаи сокини деҳаи Сиёгулаки ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод ҳангоми гузаштан аз дарёи Таги Камар ба об афтода, ғарқ шуд. Ҷасади ӯро соати 8:30, ягон 500 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, ба хешу табораш супурданд.
Нимаи дуюми рӯзи 29 май, соати 17:10, баъди беш аз 3 рӯзи ҷустуҷӯҳо билохира ҷасади як духтарчаи шашсолаи дар дарёи Кофарниҳон ғарқшударо 17 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, аз об берун овардаанд. Ин тифлак аз деҳаи А.Муродови ҷамоати ба номи Ҷ.Назарови ноҳияи Шаҳритӯс, ки дар маркази ин ноҳия дар хонаи хешовандонаш дар меҳмонӣ қарор дошт, беназорат монда, рӯзи 26 майи соли 2024, соати 11:30 аз хона баромада, дар дарёи Кофарниҳон афтода, ғарқ шуда буд.
Субҳи 30 майи соли 2024 як кӯдаки 4-сола аз деҳаи Анҷири ҷамоати деҳоти Навобод дар канори шаҳри Турсунзода бидуни назорати волидон монда, ба дарёи Гулхас афтода, ғарқ шуд.Ҷасади ӯро як километр поёнтар аз ҷои ҳодиса, дар ҳудуди деҳаи Каронӣ пайдо карданд.
Ҳамчунин рӯзи 1 июни соли 2024, тақрибан соати 13:30, як писарчаи 10-сола аз деҳаи Кӯлободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон дар канали маҳаллӣ ғарқ шуд. Танҳо субҳи 2 июн ғаввосон ҷасадро тақрибан 800 метр пойинтар аз ҷои ғарқ шудани кӯдак пайдо карда, ба хешовандонаш супурданд.