
Марворид (Маргарита) Қосимова, нахустин коргардони зан дар синамои тоҷик, муаллифи филмҳои дар замонаш машҳуре, чун “Тобистони соли 1943”, “Ҷӯра-Саркор”, “Чор нафар аз Чорсанг” ва “Марди мутааллиқи ду зан”, рӯзи 4 июни соли 2024 дар синни 86 аз олам чашм пӯшид. Марворид Қосимова аз соли 1992 ба ин сӯ дар Беларус зиндагӣ мекард.
Марворид (Маргарита) Наимовна Қосимова 10 апрели соли 1938 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падари ӯ тоҷик ва модараш тотор буд. Марворид Қосимова соли 1956 ба ВГИК – Донишкадаи синамои шаҳри Маскав дохил шуд ва ӯро ба устохонае пазируфтанд, ки мураббиёнаш ду коргардони шуҳратёри даврони Шӯравӣ Александр Довженко ва Михаил Чиаурели буданд. Марворид Қосимова дар ВГИК бо чунин ситораҳои ояндаи синамои Шӯравӣ, чун Отар Иоселиани, Лариса Шепетко, Виктор Туров, Георгий Шенгелая, Гунар Пиесис ҳамсабақ буд ва дар хобгоҳ бо ду ситораи дигари оянда Лидия Федосеева-Шукшина ва Людмила Гурченко дар як ҳуҷра мезист. Худаш қисса мекард, ки ҳусну малоҳаташ Довженкоро он чубон моту мабҳут карда буд, ки ӯро бе ягон пурсупос ба гуруҳи худ гирифт ва мегуфт, “ин духтар ҳатто агар коргарон нашавад, бо ин ҳуснаш наттоқи телевизион мешавад”. Коргардони шуҳратёр Сергей Герасимов низ мафтуни ҳусни ин донишҷӯи тоҷик шуда, изҳори ҳайрат мекард, ки “чаро ин духтар бо чунин ҳусн дар гуруҳи коргардонҳо таҳсил мекунад? Ҷои ӯ ҳунарпешаи синамост!”
Аммо Марворид Қосимова дар устохонаи Довженко ва Чиаурели монд ва баъди хатми таҳсил бо дипломи коргардон ба Душанбе баргашт ва дар “Тоҷикфилм” ба кор пардохт.
Тайи фаъолияти эҷодии худ Марворид Қосимова 16 филми ҳунарӣ ва 30 филми мустанад сохтааст, ки аввалин филмаш мустанаде бо номи “Қалби яхини Помир” буд ва аз машҳуртарин филмҳои ҳунариаш: “Тобистони соли 1943”, “Ҷӯра-Саркор”, “Чор нафар аз Чорсанг”, “Буд, набуд, дар синфи якум буд…”, “Изи динозавр ба куҷо мебарад?” ва “Марди мутааллиқи ду зан”, охирини филми ӯ дар Тоҷикистон ва яке аз охирин филмҳои “Тоҷикфилм” дар замони СССР.
Соли 1992, вақте Тоҷикистон ба оташи ҷанги бародаркуш фурӯ рафт, Марворид Қосимова бо модари пираш тарки кишвар кард ва бо даъвати ҳамсабақаш Виктор Туров ба Минск кӯчид. Ӯ дар “Беларусфилм” ба фаъолияти эҷодиаш идома дода, то соли 2006, яъне то синни 68 ба таҳияи филмҳо идома дод ва сипас бознишаста шуд.
Соли 2018, вақте дар Беларус 80-солагии Марворид Қосимоваро ботантана таҷлил карданд, дар шаби эҷодиаш дар Академияи санъати Беларус касе аз толор аз ӯ дар бораи ормоне, ки дар дилаш ҳанӯз боқист, пурсид. Марворид Қосимова дар посух гуфт: “Мехоҳам як бори дигар Душанберо бинам, дар кӯчаҳояш қадам занам…»
Орзуе, ки ин устоди шуҳратёри синамои тоҷик акнун бо худ ба гӯр мебарад…
Избранная фильмография
Актриса
- 1969 — Джура Саркор
- 1973 — Четверо из Чорсанга
- 1977 — Первая любовь Насреддина
- 1978 — Жили-были в первом классе…
- 1981 — Преступник и адвокаты — эпизод
- 1982 — Сегодня и всегда
- 1985 — Я ей нравлюсь — эпизод
Режиссёр
- 1967 — Лето 1943 года
- 1969 — Джура Саркор
- 1970 — Дороги бывают разные
- 1973 — Четверо из Чорсанга
- 1973 — Ткачихи
- 1978 — А счастье рядом
- 1978 — Жили-были в первом классе…
- 1982 — Сегодня и всегда
- 1985 — Говорящий родник
- 1987 — Куда вёл след динозавра (ТВ)
- 1991 — Мужчина и две его женщины
- 1993 — Аз воздам
- 1995 — Сын за отца (совместно с Николаем Ерёменко-младшим)
- 1998 — Маленький боец
- 2000 — Зорка Венера
- 2003 — Бальное платье (с Ириной Волох)
- 2005 — Глубокое течение (с Иваном Павловым, по мотивам романов Ивана Шамякина «Снежные зимы» и «Глубокое течение»)
- 2006 — Соблазн
Сценарист
- 1995 — Сын за отца
- 1998 — Маленький боец
- 2000 — Зорка Венера
- 2006 — Соблазн
Награды
- 1976 — Заслуженный деятель искусств Таджикской ССР
- 24 декабря 2004 — Почётная грамота Совета Министров Республики Беларусь — за значительный личный вклад в развитие культуры Беларуси и воспитание подрастающего поколения.
- 2008 — медаль Франциска Скорины
- 2015 — орден Франциска Скорины