ЧОР КӮДАКИ ТОҶИКИ БЕПАРАСТОРМОНДАРО АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН БАРГАРДОНДАНД
Cафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки боз 4 кӯдаки тоҷики дар Русия бепарастормонда ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.
Сафорат дар иттилоияи кӯтоҳаш гуфт: “3 июни соли 2024 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 4 нафар шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия бепарастор монда буданд, тибқи Созишномаи Кишинёв оид ба ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба баргардонидани шаҳрвандони ноболиғ (аз 07.10.2002), ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуданд”.
Дар бораи инки ба чӣ сабабе ин 4 ноболиғ дар Русия бепарастор мондаанд?, дар иттилоияи сафорат чизе гуфта нашудааст. Вале дар аксар мавридҳо фарзандони ноболиғи муҳоҷирони тоҷик дар сурати марги волидони онҳо ваё ба ягон гуноҳе боздошту зиндонӣ шуданашон дар Русия бепарастор мемонанд.
Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, камобеш то як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Маблағҳое, ки аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирон ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо ва ҳам як омили асосии ҳаракати аробаи тиҷорат ва иқтисоди ин кишвар дониста мешавад.
Ҳазорон нафар аз муҳоҷирони тоҷик ҳамроҳи худ зану фарзандонашро низ ба муҳоҷират мебаранд. Вале дар мусофират гоҳо иттифоқҳои гуногуне пеш меоянд, ки боиси дар шароити мушкил афтодану бепарастор мондани фарзандони ин муҳоҷирон дар мулки ғурбат мешаванд.
Аз ҷумла ба далели марг ё ба гуноҳе зиндонӣ шудани падару модари онҳо.
Ҳамин тавр, бисёре аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо занони маҳаллӣ ваё бо шаҳрвандони кишварҳои дигар издивоҷ карда, аз онҳо соҳиби фарзанд мешаванд. Вале бино бар вуҷуди мушкилоти зиёди ҳуқуқӣ, дар бархе мавридҳо падарони тоҷик аз ҳақ ва имкони нигоҳубини фарзандони худ маҳрум мешаванд ва ин тифлон ё дар дасти модарони русашон мемонанд ваё ба ятимхона меафтанд.
Мавридҳое низ ҳаст, ки муҳоҷирони тоҷик ба Ватан баргашта, зану фарзандони дар Русия мондаи худро “фаромӯш” мекунанд ва бархе аз он модарони танҳомонда меваи издивоҷи худ бо муҳоҷирони тоҷикро ба ятимхонаҳо супурданӣ мешаванд. Дар чунин сурат мақомоти Русия бояд ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистонро дар ҷараён гузоранд ва дипломатҳои тоҷик дар пайи ба Ватан ба пеши хешовандонашон фиристодани ин кӯдакон мешаванд.
Бархеи дигар аз ин кӯдаконе, ки дар мулки ғурбат бепарастор мемонанд, фарзандони занони муҳоҷир аз Тоҷикистон аз алоқаҳои ҷинсии номашрӯи онҳо дар даврони муҳоҷират аст. Ин занон аз тарси инки дар Тоҷикистон шарманда нашаванд, аз фарзандони дар мусофират ба дунё овардаашон даст мекашанд ва дар ин ҳолатҳо низ сафорат дастбакор мешавад, то ин фарзандони тоҷикро ба Ватан бифиристад.
Сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев боре дар ин масъала гуфта буд, ки “Тоҷикистон фарзанди партовӣ надорад ва ҳамаи кӯдакони тоҷикро модарвор ба оғӯш мегирад, тарбия мекунад ва ба воя мерасонад”.