ВидеоКоррупсия

БАРКАНОРИИ ДОДРАСИ ДОДГОҲИ КӮЛОБ ҲАНИФА АЛИМЗОДА БАРОИ “ПАСТ ЗАДАНИ ШАЪНУ ЭЪТИБОР”

Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 июни соли 2024 бо имзои қарори ҳукумат Каримзода Абдураҳмон Раҳимро бино бар вафоташ аз вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҳукумати ҷумҳурӣ озод кард. Абдураҳмон Каримзода дар поёни моҳи май бар асари беморӣ дар синни 55 дар як бемористони Ҳиндустон даргузашт.

Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 июн ҳамчунин бо фармонаш Алимзода Ҳанифа Акбарро бо далели “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз вазифаи додраси додгоҳи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод кард.

Ҳанифа Алимзода, ки қаблан дар мақоми муовини раиси додгоҳи шаҳри Бохтар кор мекард, соли 2022 ба далели ҳанӯз норавшане ба вазифаи хеле пасттари додраси оддӣ дар додгоҳи шаҳри Кӯлоб таъйин шуда буд.  Ӯ дар вақташ қозии парвандаи адвокат Саиднуриддин Шамсиддинов буд.  Шамсиддиновро дар поёни соли 2020 ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карданд, вале ӯ ҳукмашро интиқоми мақомот барои ошкор кардани ҳолатҳои зиёди коррупсионӣ меномид ва Ҳанифа Алимзодаро дар беадолатӣ айбдор мекард.

Дар бораи ба чӣ кирдор роҳ додани Ҳанифа Алимзода ягон маълумот дода нашудааст, вале дар фармонҳои президент дар мавриди барканории додрасҳо таъбири “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” дар ҳолатҳое ба кор бурда мешавад, ки агар он додрас (судя) бо ягон ҷинояти коррупсионӣ, асосан барои гирифтани пора, ба даст афтода бошад. Додрасе, ки бо чунин далели обрӯрезанда барканор мешавад, дигар ҳаққи кор кардан дар низоми додгоҳиро комилан аз даст медиҳад.

Тоза моҳи феврали соли равон Эмомалӣ Раҳмон бо чунин таъбири обрӯрезанда ду додрас: Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумронро аз вазифаи раиси суди ноҳияи Панҷ ва Маҷидзода Фирдавс Маҷидро аз вазифаи судяи суди шаҳри Левакант барканор карда буд.

Агентии мубориза бо коррупсия баъдан хабар дод, ки Абдураҳмонзода дар чанд маврид аз корафтодагон барои сабуктар кардани ҷазоҳои судшавандагон ё ба манфиати ягон тараф ҳал кардани баҳсҳои додгоҳӣ дар маҷмӯъ ба маблағи  128 ҳазору 800 сомонӣ пора гирифтааст.

Додгоҳҳои Тоҷикистон аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар ба шумор мераванд. Корафтодагон мегӯянд, бидуни додани пора ҳал кардани ягон мушкил дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба як амри тақрибан номумкин табдил ёфтааст.

Дар Тоҷикистон тақрибан 400 додрас кор мекунанд. Ҳамаи онҳо бо фармонҳои президент таъйину барканор мешаванд. Ҳарс ол президент Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории чандин додрасро бо ҷурми “содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” имзо мекунад. Бино ба ҳисобҳо, дар солҳои охир тақрибан 40 судя, ё тақрибан 10 фоизи додрасҳои ҷумҳурӣ бо чунин ҷурм тарки мансаб кардаанд. Аксари онҳо маҳз ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд. Вале мақомот одатан аз шарҳи парвандаҳои додрасҳои бадастафтода худдорӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button