ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЗАНОЗАНӢ ДАР ДАНҒАРА, ҚАЛЛОБӢ БО 3 МОШИНИ ХОРИҶӢ ВА 3 ДУЗДӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 3 июни соли 2024

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии марди 32-сола

40

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини ноҳияи Данғара, ки пеш бо қисми 2 моддаи 334 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 21-уми майи соли 2024, тахминан соати 10:30-дақиқа, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара бо мардони 32 ва 36-солаи сокинони ҳамин ноҳия байни худ баҳсу ҷанҷол намуда, дар вақти ҷанҷол гумонбаршаванда ба ғазаб омада, бо мушт ба рӯи марди 32-сола задаааст.

Дар натиҷа, номбурда ба замин афтида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

103

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда 23-юми феврали соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 3-адад автомашинаҳои тамғаи “Лексус” ва “Тойота”-ро гирифта, ваъда додааст, ки дар мудати кутоҳ маблағашро пардохт мекунад, аммо номбурда автомашинаҳои мазкурро фурӯхта, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 96 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани ду ҳолати дуздии ҷавоҳирот

08

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми майи соли 2024 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 28 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи зани 32-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 17-уми феврали соли 2024 тахминан соати 02:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо маҳсулоти рӯзгор, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва 1 ҳазору 750 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани дуздии маблағ аз дохили автомашина

130

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст, ки 10-уми майи соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, ки дар назди бозори ҶДММ “Ҳоҷӣ-Шариф”-и шаҳри мазкур беназорат гузошта шуда буд, 16 ҳазору 800 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 26-солаи сокини ноҳияи Данғара, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button