АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатТоҷикистон

СУХАНРОНИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР АЛМА-АТО: “АФҒОНИСТОН БОЗ БА ЛОНАИ ТЕРРОРИЗМ ТАБДИЛ ЁФТААСТ” (ВИДЕО)

Афғонистон дигарбора ба лона и терроризм ва манбаи таҳдид ба амнияти марзҳои ҷанубии ОДКБ табдил ёфтааст, -изҳор дошт раиси Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 3 июни соли 2024 дар суханрониаш дар ҷаласаи Маҷмаи парлумонии  Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) дар шаҳри Алма-Ато.  Видеои сухаронии ӯ дар Телеграм-канали Рустами Эмомалӣ нашр шудааст.

Рустами Эмомалӣ дар суханрониаш аз ҷумла гуфт: Мо таҳдидҳои эҳтимолӣ дар марзҳои ҷанубии созмонро, ки аз қаламрави Афғонистони ба мо ҳамсоя бармеоянд, нодида гирифта наметавонем. Вазъи кунунӣ дар ин кишвар ба сабаби як силсила омилҳо мураккаб боқӣ мемонад ва мутаассифона, мо ягон пешрафти воқеъӣ ё беҳбудеро намебинем. Афғонистон дигарбора ба лонаи терроризм табдил ёфтааст ва дар даҳҳо гуруҳҳои террористиву ифротӣ ҷои пои худро дар қаламрави он мустаҳкам карда истодаанд”.

Рустами Эмомалӣ аз ҷумла ба  афзоиши тавлиди маводи мухаддир, аз ҷумла навъҳои синтетикии ин “вабои аср” дар Афғонистон таъкид кард. Қарори маълум, як бахши ин маводи мухаддир аз Афғонистон бо масири шимолӣ ба таври қочоқӣ ба бозорҳои сиёҳи шимоли са        йёра, асосан ба Русия интиқол дода мешавад.

Аммо, ба ақидаи Рустами Эмомалӣ, танҳо маводи мухаддир нест, ки аз Афғонистон мехоҳанд ба қаламрави ОДКБ интиқол бидиҳанд.

Хатари аз самти Афғонистон ба кишварҳои мо интиқол додани идеологияи харобиовари тундгароии динӣ меафзояд. Имрӯз дар Афғонистон беш аз 1000 мадрасаи динӣ амал мекунанд, ки аксараш дар вилоятҳои ҳаммарз бо марзҳои ҷанубии ОДКБ ҷойгир шудаанд. Дар ин марказҳои террористони маргталабро низ омода мекунанд “, – изҳор дошт раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон.

Ба ақидаи Рустами Эмомалӣ, “идомаи чунин вазъ дар Афғонистон  барои минтақаи ОДКБ метавонад паёмаждҳои манфии дарозмуддат дошта бошад”. Вай дар ин росто тасвиб ва иҷрои минбаъдаи барномаи байнидавлатии ОДКБ ҷиҳати таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро, ки феълан дар марҳалаи имзо қарор дорад, саривақт номид.

Рустами Эмомалӣ дар идомаи суханрониаш ба мавзӯи амнияти иттилоотӣ пардохт ва таъкид кард, ки гуруҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ барои расидан ба ҳадафҳои харобиовари худ ҳарчӣ бештар аз технологияҳои иттилоитиву мухобиротӣ истифода мебаранд”.

“Онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сегментҳои дигари Интернет маъракаҳои густардаи таблиғотиро ба роҳ андохтаанд. Ҳадафи онҳо ба ҷомиаҳои мо таҳмил кардани идеологияи сӯзандаашон ва ҷалби шумораи ҳарчӣ бештари тарафдорон аз ҳисоби шаҳрвандони мост“, – изҳор дошт Рустами Эмомалӣ. Ӯ дар ин росто тақвияти мубориза муштарак, аз ҷумла дар чорчӯби ОДКБ, бар зидди таҳдидҳо ва чолишҳои муосир ва аз байн бурдани ин таҳдидҳоро муҳим номид.

Рустами Эмомалӣ 36 сол дорад. Писари калонии президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2017 шаҳрдори Душанбе ва аз соли 2020 ҳамзамон раиси Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон аст. Рустами Эмомалиро вориси эҳтимолии курсии президентии падараш мешуморанд. Чунин нақшаи интиқоли қудрат аз падар ба писар дар доираҳои ҳокими Тоҷикистон солҳои зиёде боз баррасӣ мешавад, вале ҳар дафъа ба далелҳои гуногун иҷрои ин нақша ба ақиб гузошта мешавад. Нозирони умур бар ипнанд, ки як сабаби асосӣ худи президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳанӯз азму ирода ва майли кофӣ барои супурдани курсиашро нишон намедиҳад. Ҳатто ба писари худаш.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Афғонистон ба лонаи (қабр)-и империяҳо табдид шудааст гуяд:

    Ду кишварро як дарё (Панҷ) ҷудо мекунад, дар яке (Тоҷикистон) тамоми арзишҳои динӣ маҳдуд шудааст, дар дигарӣ (Афғонистон) арзишҳои динӣ ҳукуматро ба даст гирифтааст. Дар кадоме аз ин кишварҳо “терроризм” рушд мекунад?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button