ВидеоТоҷикистонҲодисаҶомеа

ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ 6 УЗВИ ДУ ОИЛА ДАР ЯК ШАБ: ДАР КОНИБОДОМ ЧӢ МЕГУЗАРАД?

Шаби 28 ба 29 майи соли 2024 дар ҷамоати ба номи Лоҳутӣ дар канори шаҳри Конибодом 6 узви ду оила ба таври бераҳмона кушта шуданд. Ин ҳодисаи мудҳиш нигарониҳо ва сару садои зиёдеро дар байни мардум ба по карда, аз ҷумла овозаҳоро дар бораи гӯё пайдо шудани “маняк” (силсилақотил) дар Конибодом ба вуҷуд овардааст.

Бино ба тасдиқи расмии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, шаби  28 ба 29 май дар деҳаи Ҷаҳонзеб (собиқ Қарақчиқум)-и ҷамоати Лоҳутӣ як оилаи тоҷикҳо ва дар деҳаи Санҷидзор як оилаи қирғизтабор кушта шуданд.

Ба гуфтаи сокинон, дар деҳаи Ҷаҳонзеб қотил (ё қотилон) шаби сешанбе ба чоршанбеи гузашта Маҳбуба Ахмедоваи 38-сола ва ду фарзанди ноболиғи ӯ: духтараш Нозанин Ахмедоваи 16-сола ва писари 14-солааш Дамирҷон Ахмедовро ба ҳалокат расондаанд. Маҳбуба Ахмедова дар бунгоҳи тиббии деҳаашон ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ кор мекард. Шавҳари ӯ Баҳодур Ахмедов дар он шаби наҳс дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштааст.

Ҳамин тавр, он шаб қотил (ё қотилон) дар деҳаи Санҷидзор муовини мудири мактаби №28-и ин деҳа Зулхо Иброҳимови 54-сола, бародари 46-солаи ӯ Абдуфаттоҳ Иброҳимов ва ҳамсари бародараш Қурбонгул Иброҳимоваи 45-соларо ба қатл расонидаанд. Онҳо қирғизтабор буданд. Он шаб дар хонаи Ахмедовҳо се кӯдак, аз ҷумла як тифли ҳаштмоҳа низ буд, вале ба фарқ аз хонаводаи Иброҳимовҳо, ки ду фарзанди ноболиғашонро ҳам куштанд,  қотил (ё қотилон) кӯдакони оилаи Ахмедовҳоро даст нарасондаанд.

Тафсилоти дигари ин қатлҳо дастрас нест. Мақомот бо тасдиқи хабари куштори 6 нафар иктифо карда, дар  ин бора ба далели “халалдор накардани ҷараёни тафтишот” ягон шарҳи бештар намедиҳанд. Маълум нест, ки тафтишот оё кадом фарзияҳоро дар робита ба ин ҷиноятҳои сангин таҳқиқ карда истодааст ва оё ягон гумонбар дастгир шудааст ё на? 

Ронандагони таксиҳое, ки дар ин масир ва роҳҳои атроф мусофир мекашонанд, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” нақл карданд, ки ҳамаи онҳоро дар робита ба ин ҳодисаҳои одамкушӣ бозпурсӣ кардаанд ва аз ҷумла дар ин бора пурсидаанд, ки оё дар арафаи ин ҳодиса ё  баъди он дар гирду атрофи ҷамоати ба номи Лоҳутӣ ягон нафари шубҳабарангезро надидаанд?

Гуфтанист, дар вақтҳои охир дар Конибодом чанд куштори гуруҳӣ рух дод, ки ҳар кадомаш дар байни сокинон сарусадои зиёд ба по карда буд.

Аз ҷумла, шаби 16 ба 17 апрели соли 2024 дар ҷамоати ба номи Ғафурҷон Ортиқов дар канори шаҳри Конибодом ҷасади зану шавҳарро дар хонаашон бо нишонаҳои яқини марги маҷбурӣ пайдо карданд.

Рӯзи  30 марти соли 2024 бошад Муҳиддинбой Шарипови, сокини 65-солаи шаҳри Конибодом бо иттиҳоми дар манзили истиқоматиаш бо бераҳмии маҳсус бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондани ҳамсараш Майрам Шарипова, келинаш Фирӯза Шарипова ва набераҳояш Абӯбакр, хонандаи синфи 3 ва Азиза, хонандаи синфи 1-ум боздошт шуд. Гуфта мешуд, ки Муҳиддинбой Шарипов маризии равонӣ дорад.

Дар поёни соли 2023 бошад, Шаҳриёр Норматов,  сокини 32-солаи Конибодом бо иттиҳоми бо 136 зарбаи корд бо бераҳмии махсус куштани модари 65-солааш дастгир шуд. Модари ӯ  Ҳалимаҷон Норматова аз соли 1993, беш аз 30 сол боз аз бемории руҳӣ ранҷ мекашид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button