ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

ПЕШГИРӢ АЗ ҚОҶОҚИ 1300 ТЕЛЕФОН ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН (4 АКС)

Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 1 июни соли 2024 хабар дод, ки тайи моҳи майи соли ҷорӣ дар марзи вилояти Бодканди ин кишвар бо вилояти Суғди Тоҷикистон аз қочоқчиён беш аз 1300 телефони мобил, арзиши умумиашон тақрибан 21 миллион сом (баробари 240 ҳазор доллар), ҳамчунин як асп, як ҷипи тамзаи “Lexus RX 300“ ва як мошини пур аз ширинӣ мусодира карда шуд.

Бино ба ин манбаъ, кормандони амният ҳамроҳ бо марзбонони қирғиз дар шудуди дешаи Достуки ҷамоати Ҷонӣ-Ҷари ноҳияи Лайлак аз фаъолияти шаҳрванди Қирғизистон Т.У., соли таваллудаш 1995, пешгирӣ карданд. Ӯ бо мошини “Мерседес Бенс Спринтер” мехост беш аз 1300 телефони мобилро ба қаламрави Тоҷикистон қочоқ кунад. Гуфта мешавад, ки ҳоло чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҷиҳати муайян кардани тафсилоти ин қазия ва шарикони Т.У. идома дорад.

КДАМ Қирғизистон аз ҷавобгарии ҷиноӣ барои қочоқи молу маҳсулот ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя ҳушдор дода, ҳамчунин аз судури чанд ҳукми додгоҳ дар робита ба мавридҳои дигари ошкоршудаи кӯшиши қочоқ хабар додааст:

– бо қарори додгоҳ шаҳрванди Қирғизистон М.Т.Р. барои қочоқи як мошин ширинӣ ба Тоҷикистон 100 ҳазор сом, ё ҳудуди 1100 доллар ҷарима баста шуда, мошини ӯ, тамғаи “Hyundai Porter” бо ҳама шириниҳояш ба фоида давлат мусодира карда шуд;

-Шаҳрванди Қирғизистон Ю.Н.Ш., ки мехост як мошини тамғаи “Lexus RX 300“, сохти соли 2000-умро қочоқ кунад, ба як соли шартӣ маҳкум шуда, мошинаш мусодира карда шуд;

-Мошини “Hyundai Porter”, ки бо он як аспро мехостанд ба Тоҷикистон баранд, низ мусодира гардида, қочоқбаронро 60 ҳазор сомо, ё наздики 700 доллар ҷарима бастаанд. Бо қарор додгоҳ, аспи мусодирашуда бояд нобуд карда шавад.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро аз 20 майи соли 2021 билофосила баъди задухӯрдҳои хунин дар марзи ин ду кишвар барои равуои сокинону мошинҳо баст ва инак се сол боз интиқоли маҳсулот  ва равуои мардум байни ду кишвар расман манъ шудааст. Ҳарчанд Бишкек қарори бастани марзро ба пандемияи коронавирус рабт медод, вале мансабдорони қирғиз чандин бор изҳор доштанд, ки марзро танҳо баъди ҳалли тамоми масоили марзӣ бо Душанбе аз нав хоҳанд кушод. Инки таҳдиди коронавирус аз байн рафт, вале Қирғизистон марзҳояшро то ҳол накушод, низ далолат ба он мекунад, ки решаи мушкил на дар пандемия, балки дар мушкили марзист.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон қариб сеякаш таъйин ва аломатгузорӣ нашуда буд. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медоданд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечид ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешуд.

Тайи ду соли 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 240 нафар  кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Дар моҳҳои охир Душанбе ва Бишкек дар музокироти марзӣ хеле пешрафт карданд ва қасд доранд, ки ба зудӣ созишномаи ниҳоии марзиро имзо кунанд. Вале марзи байни ду кишвар ҳам барои интиқоли маҳсулот ва ҳам барои равуои мардум ҳамчунон баста боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button