ВидеоҶомеа

ДАР ХОВАЛИНГ ХОНАНДАГОН ҲАМ МУАЛЛИМАРО ЗАДААНД ВА ҲАМ МУДИРИ МАКТАБРО

Дар як моҳи ахир дар бораи дастикам се ҳолати латтукӯби омӯзгорон хабарҳо ба даст расид. Дар шаҳри Бохтар ду ҷавон муаллимро аз дарс бароварда, дар саҳни мактаб дар пеши чашми шогирдонаш ба қавле “ҷазо” доданд. Аммо дар мактаби миёнаи №5 ноҳияи Ховалинг дар ду ҳодисаи алоҳида як хонандаи синфи 11 ба сари муаллима даст бардоштааст ва як ҳамсинфи ӯ  –  ба сари мудир, ё директори мактаб. Вазорати корҳои дохилӣ дар робита ба ин қазияҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушодааст. Вазорати маориф ва илм гуфтааст, бар асоси моддаи 52-юми қонуни маориф, “шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад”.

Бино ба гузориши “Азия Плюс”, тайи як моҳи охир дар мактаби №5-и ноҳияи Ховалинг ду ҳолати латукӯби омӯзгор ва ҳатто директори мактаб ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта хонандаи синфи 11-и мактаби №5 бо директори ин мактаб муноқиша кардааст.

Тағоймурод Холов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг дар суҳбат бо “Азия Плюс” гуфт, рӯзи 24-уми майи соли 2024 Исмоилов Аловуддин, директори муассиса, бо сабаби беадабӣ кардани хатмкунанда М.М. ӯро сарзаниш кардааст, “вале вай ба ҷои он ки ислоҳ шавад, баръакс, ба сари директор даст бардоштаст”.

Дар пайи ин ҳолат, бар зидди хонандаи синфи 11-и мактаби №5 бо иттиҳоми авбошӣ (моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.

Ғайр аз ин, рӯзи 15-уми апрели соли 2024 С.С., хатмкунандаи дигари мактаби №5 бо омӯзгори муассиса Гавҳарбӣ Давлатова даъвои лафзӣ карда ва дар ниҳоят муаллимаро латукӯб намудааст.

Ба гуфтаи Тағоймурод Холов, сабаби даъво ва дар дар ниҳоят ба латукӯб гузаштани хонанда ҳам дар вақти танаффус беадабӣ карданаш будааст.

Ин масъала дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг мавриди баррасӣ қарор гирифта, хатмкунанда С.С. аз ин мактаб ихроҷ шудааст. Бино бар аз таҳсил дур намондан ва ҳамчун муҷозот ин хатмкунандаро ба мактаби як деҳаи дурдаст гузарондаанд.

Қаблан, раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 21 апрели соли 2024 аз боздошти ду ҷавони авбош, ки муаллими мактаби миёнаи №7-ро дар байни дарс аз синфхона берун бароварда, дар пеши чашми шогирдонаш таҳқиру латтукӯб кардаанд ва ба ҷараёни дарс халал расондаанд, хабар дода буд.

Бино ба иттилоияи милитсияи Хатлон, “шаҳрвандон:

  1. Достонов Қосим Сӯҳробович, соли таваллудаш 2002, сокини кӯчаи Вализодаи шаҳри Бохтар, пеш бо моддаи 237, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҷурми авбошӣ зиндонӣ шудааст;
  2. Воҳидзода Исомиддин Ҷалолиддин, соли таваллудаш 2002, сокини кӯчаи Хатлони шаҳри Бохтар аз ҳиссиёти баланди авбошӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Бохтар ҳозир гардида, омӯзгори муассисаи мазкур Зиёзода С. Р-ро, ки ба хонандагон дарс мегуфт, ба долони мактаб даъват намуда, нисбаташ дашному ҳақоратҳои қабеҳ кардаанд ва ӯро мавриди латту кӯб қарор дода, ба саломатиаш ҷарҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расониданд. Ҳарчанд атрофиён аз онҳо дархост кардаанд, ки амалҳои ғайриқонуниашонро қатъ кунанд, ба суханони касе эътибор надода, муддати тӯлонӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва рафти дарсомӯзиро дар дохили муассисаи мазкур дағалона вайрон кардаанд”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршудагон Қосим Достонов ва Исомиддин Воҳидзода бар асоси моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ҳардуро ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Ба дастгиршудагон бар асоси моддаи 237 ҳамчун ҷазо аз 2 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар бораи сабаби аз гиребони муаллим гирифтани ин ду ҷавон дар хабар чизе гуфта нашудааст. Вале дар Тоҷикистон маъмулан бародарҳои калонтар ба ҳимоят аз додар ё хоҳарони мактабхони худ ба мактаб омада, бо муаллимҳо “разбор” мекунанд.

Аксари корбарон рафтори ин ду ҷавони авбошро ҳамчун як амали нисбат ба устод комилан ғайри қобили қабул маҳкум карда, хостори ҷазои сангин барои онҳо шуданд. Бархе корбарон пешниҳод карда буданд, ки ҳардуро “рост ба қисми ҳарбӣ баранд”, то ки тайи ду соли хидмат ақлашон ба сарашон бидарояд ва эҳтироми муаллимро ёд бигиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button