ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

НА ПУЛУ НА БИЛЕТИ ҲАРБӢ: 54 ҲАЗОРРО ГИРИФТУ КОРРО БУД НАКАРД…

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 4 июни соли 2024

Ошкор шудани ҷинояти қаллобӣ дар ноҳияи Қубодиён

155

Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён аризаи зани 46-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2023 ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои писари 22-солаашро ба хидмати алтернативии ҳарбӣ равон кардан аз ӯ 54 ҳазор сомонӣ гирифта, ягон амалро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳалокати дучархарон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

002

Шаби 2-юми июни соли 2024, тахминан соати 22:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҳайдаралиев Расул Абдуразоқович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Мараҷабов Алиҷон Асадбоевич, соли таваллудаш 1982, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button