ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ БЛОГЕР АСАДУЛЛО ҚАРАҚУЛОВ БАРОИ НАШРИ ВИДЕОҲОИ ҚАБЕҲ ДАР ИНТЕРНЕТ

Раёсати корҳои  дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 4 июни соли 2024 аз 15 шабонарӯз ҳабси маъмурии боз як блогер барои дағалгуфторӣ дар шабакаҳои интернетӣ хабар дод.

Милитсияи пойтахти Тоҷикмстон гуфт, бо вуҷуди таъкидҳои ҳамешагӣ ва андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ, мутаассифона ҳанӯз ҳастанд бархе нафароне, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани наворҳои дорои алфози қабеҳ ва костакунандаи одобу ахлоқи ҷавонон машғуланд.

“Гарчанде қаблан аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Қарақулов Асадулло Алиқулович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, барои паҳн намудани наворҳои дорои алфози қабеҳ огоҳонида шуда бошад ҳам, вале кирдорҳои худро ислоҳ накарда, такроран ба ин амал даст задааст. Номбурда дар шабакаи иҷтимоии «Ютуб» саҳифаи шахсии худро таъсис дода, мунтазам наворҳои дорои алфози қабеҳро нашр кардааст, ки ин амали ӯ боиси эрод ва вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид. Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурда бо моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин карда шуд”, – хабaр дод маркази матбуоти милитсияи Душанбе. 

Худи Асадулло Қарақулов ё наздиконаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд.

Аз аввали соли ҷорӣ ин алакай дастикам панҷумин ҳолати ҳабсу ҷаримаи блогерҳо дар пойтахти Тоҷикистон барои паҳн кардани видеоҳои зиддиахлоқӣ дар Интернет аст. Дар ҷомиа бархе муҷозоти блогерҳоро ҳамла ба озодии баён мешуморанд, вале бархеи дигар аз мақомот барои кашидани лаҷоми блогерҳое, ки “аз ҳад мегузаронанд”, ситоиш мекунанд.

https://www.facebook.com/share/p/A1CSrjh836CS3my7/?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button