АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ҚАЗОҚИСТОН “ТОЛИБОН”-РО АЗ РӮЙХАТТИ СИЁҲИ СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ БАРОВАРД

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев рӯзи 3 июни соли 2024 дар қароргоҳаш дар шаҳри Остона дар мулоқот бо раисони парлумонҳои кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) хабар дод, ки Қазоқистон ҳаракати тундрави “Толибон”-ро аз рӯйхатти сиёҳи созмонҳои террористӣ баровардааст, то ки имкони рушди ҳамкориҳо бо ҳукумати Афғонистонро, ки таҳти назорати “Толибон” қарор дорад, ба даст биорад.

“Қазоқистон бо дарназардошти аҳамияти рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Афғонистони имрӯза ва дарки ин воқеъият, ки ин режим барои муддати давомдор дар сари кор аст, режими “Толибон”-ро аз рӯйхатти созмонҳои террористӣ хориҷ кард”, – изҳор дошт Тоқаев.

Ҳаракати “Толибон” бо қарори Додгоҳи олии Қазоқистон аз 15 марти соли 2025 созмони террористӣ эълон гардида, фаъолияташ дар Қазоқистон мамнӯъ шуда буд.

Қосим-Жомарт Тоқаев дар суханрониаш ба ҳамкориҳои минтақавӣ ҷалб кардани Афғонистонро яке аз вазифаҳои стратегӣ дар марҳалаи кунунӣ номид ва аз ҳама хост, то аз ташаббуси Қазоқистон дар мавриди дар  шаҳри Алма-Ато таъсис додани Маркази Созмони Милал дар умури таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон  пуштибонӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ҳафтаи гузашта президенти Русия Владимир Путин низ изҳор дошт, ки бояд воқеиятҳоро ба назар гирифта, бо ҳаракати “Толибон” роҳҳои муносибатро пайдо кард, зеро имрӯз маҳз ҳамин ҳаракати қудрати воқеиро дар Афғонистон дар даст дорад.

“Дар Афғонистон бидуни ягон шак мушкилот вуҷуд дорад ва он мушкилот ба ҳама маълум аст. Аммо масъалаи истиқрори муносибатҳо  бо ҳукумати кунунӣ масъалаи дигар аст. Бояд бо ягон роҳ муносибатҳоро ба роҳ монд. Инҳо идораи кишварро дар даст доранд, кишварро онҳо назорат мекунанд, онҳо имрӯз соҳиби қудрат дар Афғонистонанд. Бояд воқеиятҳоро ба назар гирифт ва бар асоси он муносибатҳоро ба роҳ монд “, – гуфта буд Путин.

Ин шарҳи Путин дар посух ба хабаре буд, ки мегуфт, вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати адлияи Русия ба президенти ин кишвар Владимир Путин пешниҳод кардаанд, ки ҳаракати тундрави “Толибон”-ро аз рӯйхатти сиёҳи созмонҳои дар Русия мамнӯъ хориҷ кунад. Мудири департаменти дуюми Осиё дар вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов 27 майи соли 2024 дар мусоҳиба бо ТАСС хориҷ кардани Толибон аз рӯйхатти созмонҳои мамнӯъро боз як қадами дигар ба сӯи эътирофи расмии режими нави Толибон дар Афғонистон номид ва гуфт, ин масъала бо дигар идораҳои давлатии Русия мувофиқат карда шудааст.

Дипломати баландпояи Русия гуфт: “Ин (яъне аз рӯйхатти созмонҳои мамнӯъ баровардани “Толибон”) ҳатмист. Бидуни ин аз эътирофи онҳо ҳарф задан пеш аз вақт мебуд. Аз ин рӯ, ин масъала дар дасти баррасӣ қарор дорад. Ҳамаи мулоҳизаҳо ба роҳбарияти олии Русия ироа шудаанд. Мунтазири қабули қарорем”. Кобулов гуфт, Русия аз замони дар Афғонистон ба қудрат расидани “Толибон” ҳеҷ гоҳ, ба мисли ҳозир ба эътирофи ҳукумати онҳо ин қадар наздик набуд. “Вале бархе ҷузъиёти алоҳида боқӣ мондааст, ки бояд паси сар шаванд ва баъди он раҳбарияти Русия тасмимашро хоҳад гирифт”, – гуфтааст ӯ.

Замир Кабулов дар ҳукумати Русия яке аз пуштибонҳои асосии сиёсати эътирофи ҳукумати Толибон ва ҳамкории Маскав бо “Аморати исломӣ” шумурда мешавад. Рӯзи 15 майи соли ҷорӣ дар пайи мушовараҳои Русияву Ҳиндустон дар мавзӯи Афғонистон дар Деҳлии нав, Замир Кобулов ҳатто изҳор дошт, ки ҳаракати тундрави “Толибон” дигар душмани Русия нест.

“Ман наметавонам бигӯям, ки толибҳо ба дӯстони рақами яки мо табдил ёфтаанд, вале  онҳо дақиқан душмани мо нестанд, – гуфта буд Кобулов.

Русия дар баробари Ҳинду Эрон дар нимаи дуюми солҳои 90 ва оғози солҳои 2000-ум аз кумаккунандаҳои асосии “Эътилофи шимол” ба раҳбарии фармондеҳи шуҳратёр Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Кумакҳо ба ин эътилоф, ки ба зидди режими қаблии “Толибон” меҷангид, он вақт асосан тавассути қаламрави Тоҷикистон расонда мешуд.

Дар моҳи августи соли 2021 нирӯҳои “Толибон” бо истифода аз хуруҷи бошитоби нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва фирори ҳукумати раисиҷумҳури вақти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳукуматро дар ин кишвари ҷангзада ба дасти худ гирифтанд.

Тоҷикистон билофосила мавқеи мухолифат бо режими нави Толибонро пеш гирифт, вале ин дафъа Русияву Эрон баракс толибҳоро барои нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ва НАТОро водор ба тарки Афғонистон карданашон ситоиш карда, бо онҳо роҳи тамосу ҳамкорӣ ҷустанд. Аз ҷумла Русия алакай дар соли 2022 сафорати Афғонистон дар шаҳри Маскавро ба дасти дипломатҳои фиристодаи “Толибон” супурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button