![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2024/06/4-тоҷики-котили-точикон-дар-Чехов.png?resize=780%2C470&ssl=1)
Сарраёсати тафтишоти вилояти Маскави Русия рӯзи 3 июни соли 2024 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи 4 шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод, ки бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Русия: қисми дуюми моддаи 213 ва қисми дуюми моддаи 105 ба авбошии гуруҳӣ ва сӯиқасд ба куштори як ҳамватанашон дар ҷараёни як муноқишаи гуруҳии байни муҳоҷирони тоҷик айбдор мешаванд. Ин занозании хунини байни худи тоҷикҳо шаби 31 июли соли 2023 дар Чехов, шаҳре бо 87 ҳазор аҳолӣ дар тақрибан 70-километрии ҷануби пойтахти Русия, рух дода буд.
Тафтиши парвандаи ду муттаҳами асосӣ дар ин парванда: акаю додаре, ки дар он муноқиша ду сокини ноҳияи Файзобод Далер Юсупов ва Далер Тағоевро кушта, худи ҳамон шаб аз тариқи Беларус ба Тоҷикистон фирор карданд, ба сурати алоҳида баррасӣ хоҳад шуд, чунки онҳо то ҳол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ин як сол дар бораи чӣ натиҷа додани ҷустуҷӯи ин ду акаю додар ягон хабар нашр накардаанд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуоти Сарраёсати тафтишоти вилояти Маскав, дар ҷараёни тафтишот “муайян карда шуд, ки 29 июли соли 2023 дар яке аз муассисаҳои шаҳри Чехов байни ду гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон муноқиша рух дод. Баъдан, шаби 31 июли соли 2023 ҳангоми ҳаракат бо мошинҳо дар кӯчаи Земская як гуруҳи муҳоҷирони тоҷик пеши роҳи гуруҳи дигарро гирифтааст ва байни онҳо занозанӣ сар зад. Дар ҷараёни занозанӣ яке муттаҳамон ба ду ҷабрдида захмҳои корд зад, ки дар натиҷа ҳарду дар ҷои ҳодиса ҷон доданд. Ду муттаҳами дигар боз як ҷабрдидаи дигарро чанд зарбаи корд заданд, вале ӯ зинда монд. Дар натиҷаи ин муноқиша дар маҷмӯъ, 8 нафар ҷароҳат бардоштанд”.
![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2024/06/допрос-по-делу-об-убийстве-2-таджиков-в-Чехове.jpeg?resize=708%2C387&ssl=1)
Дар ҷараёни тафтиш ҳамчунин муайян карда шуд, ки ҳамаи иштирокчиёни занозанӣ дар Чехов дар ҳудуди Русия ғайриқонунӣ қарор доштаанд. Ин бахши хулосаи тафтишот бо мақсади ба ҷавобгарӣ кашондани шахсони масъул алоҳида баррасӣ хоҳад шуд.
Дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ ягон ном оварда нашудааст, вале қаблан гузориш шуда буд, ки дар ҷараёни муноқишаи шаби 31 июли соли 2023 дар шаҳри Чехов ду зодаи ноҳияи Файзобод – Далер Тағоев ва Далер Юсупов кушта шуданд.
Гуфта мешуд, ки ду гуруҳи муҳоҷирони тоҷик: аз як тараф, зодагони ноҳияи Файзобод, ва аз тарафи дигар – зодагони вилояти Хатлон аввал дар як қаҳвахона муноқиша кардаанд. Бино ба фарзияи тафтишот, муноқиша аз як баҳонаи комилан ночиз сар задааст: Гӯё як зодаи Файзобод бо як зодаи вилояти Хатлон дуруст салом накардааст. Ба баҳси онҳо дигарон ҳамроҳ шудаанд ва дар ниҳоят, ду тараф ба ифоқа омада натавониста, баҳси худро ба кӯча кӯчондаанд.
Дар видеоҳои аз ҷои ҳодиса нашршуда дида мешуд, ки ду гуруҳи тоҷикҳо дар 5 мошин ба ҷои “вохӯрӣ” ё “разбор” омада, мошинҳои худро намоишкорона дар байни роҳ мегузоранд ва сипас бо ҳамдигар дастбагиребон мешаванд. Занозанӣ хеле зуд ба кордкашӣ печид ва дар натиҷа, яке аз он 2 бародар кордро аз ҷайбаш бароварда, ду зодаи ноҳияи Файзобод: Далер Юсупов, сокини 31-солаи деҳаи Муъминобод ва ҳамноми ӯ Далер Тағоев, сокини 28-солаи деҳаи Фатҳободро чанд корд зад, ки дар натиҷа ҳарду дар ҷои ҳодиса ҷон доданд. Дар пайи ин, иштирокчиёни муноқиша, ки дар умум 12 нафар: 6-нафарӣ аз ҳар як ҷониб будаанд, аз ҷои ҳодиса фирор карданд.
Худи ҳамон шаб қотил ҳамроҳи бародараш ба Беларус фирор карда, аз фурудгоҳи пойтахти он кишвар, шаҳри Минск ба Душанбе парвоз кардаанд ва дар Тоҷикистон пинҳон шудаанд.
![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2023/08/Далер-Тагоев-дар-марказ.png?resize=708%2C558&ssl=1)
Ба мақомот муяссар шуд, ки 4 иштирокчии дигари занозанӣ аз тарафи зодагони Хатлонро дастгир кунад. Онҳо баъди ин ҳодиса ба шаҳри Митиши, ки дар канораҳои шимолу шарқии шаҳри Маскав, дар фосилаи 120 километр аз Чехов ҷойгир шудааст, фирор карда, дар хонаи як шиносашон пинҳон шуда буданд. Онҳо баёнот додаанд, ки он шаб маст набуданд, ягон навъ маводи мухаддир низ истеъмол накарда буданд. Онҳо ҳамчунин баёнот доданд, ки он ду муҳоҷири тоҷикро кӣ кушт? Чӣ гуна Русияро тар кардану дар Тоҷикистон пинҳон шудани қотил ва бародари ӯ низ ба тафтишот аз баёноти ҳамин 4 дастгиршуда маълум шудааст.
Дар бораи шахсияти Далер Юсупов маълумоти зиёде дар даст нест, вале Далер Тағоев дар Чехов ба тиҷорати маводи сохтмонӣ машғул буда, ба хотири ин ҳамроҳи бародараш мошини тамғаи “Лада-Самара” харида буд. Ҷасади Далер Тағоев ва ҳамномаш Далер Юсуповро он шаби наҳс дар назди ҳамин мошин пайдо карданд.
Ҳамагӣ чанде пеш аз ин ҳодиса як бародари Далер Тағоев дар Тоҷикистон аз беморӣ ҷон дода буд ва ӯ аз ин мусибати ба сари оилаашон омада хеле ғамгину мотамзада буд. Бехабар аз ин ки хабари марги ӯ падару модари ғамзадаашро боз ҳам амиқтар ғарқи мотам мекунад…