ДАР ҶАМОАТИ ЧОРГУЛИ ЁВОН ЯК ПИСАРЧАИ 10-СОЛА ҒАРҚ ШУД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ноҳияи Ёвон як кӯдаки 10-сола ғарқ шуд ва ҷустуҷӯи ӯ бо ҷалби ғаввосон ду рӯз давом кард.
Бино ба иттилоияи Кумита, рӯзи 1 июни соли 2024, тақрибан соати 13:30, як писарчаи 10-сола аз деҳаи Кӯлободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон дар канали маҳаллӣ ғарқ шуд. Барои ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон сафарбар карда шуданд. Рӯзи аввал ҷустуҷӯ то расидани торикӣ идома ёфт, вале натиҷа надод. Субҳи 2 июн ҷустуҷӯро аз сар гирифтанд ва соати 10:07 билохира ғаввосон ҷасадро тақрибан 800 метр пойинтар аз ҷои ғарқ шудани кӯдак пайдо карда, ба хешовандонаш супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо изҳори ҳамдардӣ ба падару модар ва наздикони тифли ғарқшуда бори дигар хотирраосн мекунад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранд, ба онҳо иҷозат надиҳанд, ки дар маконҳои мамнӯъ оббозӣ кунанд ва аз кӯдакон талаб кунанд, ки ҳангоми оббозӣ тамоми қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.
Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, имсол то санаи 3 июни соли 2024 дар Тоҷикистон алакай 52 нафар, аз ҷумла 21 ноболиғи то синни 17 ғарқ шудаанд.
Танҳо дар давоми ҳафтаи гузашта дар бораи ғарқ шудани дастикам 5 кӯдак хабарҳо ба даст расида буд.
Аз ҷумла 25 майи соли 2024 як духтарчаи 12-сола аз деҳаи Қизилсӯи ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор, ки ба падараш дар чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳии Чорнова дар ноҳияи Мӯъминобод кумак мерасонд, даруни оби сел афтода, ғарқ шуд. Ҷасади духтарчаро аз як сойи селпарто дар ҳудуди деҳаи Лангари ноҳияи бо Мӯъминобод Шамсиддин Шоҳин пайдо карданд.
Субҳи 27 май, тақрибан соати 7:30, як духтарчаи 11-солаи сокини деҳаи Сиёгулаки ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод ҳангоми гузаштан аз дарёи Таги Камар ба об афтода, ғарқ шуд. Ҷасади ӯро соати 8:30, ягон 500 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, ба хешу табораш супурданд.
Нимаи дуюми рӯзи 29 май, соати 17:10, баъди беш аз 3 рӯзи ҷустуҷӯҳо билохира ҷасади як духтарчаи шашсолаи дар дарёи Кофарниҳон ғарқшударо 17 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, аз об берун овардаанд. Ин тифлак аз деҳаи А.Муродови ҷамоати ба номи Ҷ.Назарови ноҳияи Шаҳритӯс, ки дар маркази ин ноҳия дар хонаи хешовандонаш дар меҳмонӣ қарор дошт, беназорат монда, рӯзи 26 майи соли 2024, соати 11:30 аз хона баромада, дар дарёи Кофарниҳон афтода, ғарқ шуда буд.
Субҳи 30 майи соли 2024 як кӯдаки 4-сола аз деҳаи Анҷири ҷамоати деҳоти Навобод дар канори шаҳри Турсунзода бидуни назорати волидон монда, ба дарёи Гулхас афтода, ғарқ шуд.Ҷасади ӯро як километр поёнтар аз ҷои ҳодиса, дар ҳудуди деҳаи Каронӣ пайдо карданд.
Ва инак, ин кӯдаки даҳсола аз Ёвон ба ин рӯйхатти тифлони ғарқшудаи ҳафтаи гузашта зам шуд.
Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи соли 2023 дар обҳои Тоҷикистон 181 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаку навраси то синни 16 ва 36 зану духтар ғарқ шуданд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд.