ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ДАР БОХТАР 3 РАИСИ МАҲАЛЛАРО БАРОИ ТОЗА НАКАРДАНИ ПАРТОВҲО ҶАРИМА БАСТАНД (9 АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон хабар дод, ки рӯзи 30 майи соли 2024 дар ҷараёни як рейд кормандони милитсияи экологӣ ва сайёҳии вилоят чанд далели тоза накардани партовгоҳҳо ва хароб кардани тозагии муҳити атроф нисбат ба 15 сокини вилояти Хатлон, аз ҷумла нисбат ба 3 раиси маҳаллаи шаҳри Бохтар протоколҳои маъмурӣ тартиб доданд. Ин 3 раиси маҳалла:

– Абукаримов Камолиддин, соли таваллудаш 1986, раиси кумитаи маҳаллаи Ваҳдат;

– Назаров Зафар, соли таваллудаш 1973, раиси кумитаи маҳаллаи Ҳоҷӣ-Шариф;

– Юсупов Абос, соли таваллудаш 1966, раиси кумитаи маҳаллаи Баҳор мебошанд.

Нисбати ин нафарон барои назорат ва тоза накардани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ тибқи талаботи моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Моддаи 232 барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо ҳамчуин ҷазо ҷаримаро пешбинӣ мекунад: ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ  ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо. Ёдовар мешавем, як нишондиҳанда имсол 72 сомониро ташкил медиҳад.

Дар аксҳои нашркардаи милитсияи вилояти Хатлон ғарамҳои бузурги партов дида мешаванд, ки зоҳиран касе дар фикри тоза карданашон набуд.

Милитсияи Хатлон гуфт, таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ҳисобида шуда, “вазифаи ҳар як шахси соҳибдил ин аст, ки баҳри муҳофизати муҳити зист, тозаю озода намудани кӯчаю маҳаллаҳо, ниҳолу дарахтон, табиат ва сарватҳои бебаҳои он бо рафтору кирдори некӯяшон баҳри рушду нумӯи кишвар ва ободии диёри азиз саҳмгузор бошанд”.

Милитсия гуфт, аз ҷониби кормандони шуъбаи экологӣ ва сайёҳӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию–гигиенӣ ва экологии аҳолии шаҳр, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, ки омили асосиашон партофтани партовҳо ба муҳити атроф аст, чорабиниҳои пешгирикунанда пайваста гузаронида шуда, шаҳрвандоне, ки ба кирдорҳои ғайриқонунӣ ва барои табиат харобиовар роҳ медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд.

Милитсияи Хатлон моҳи феврали соли ҷорӣ низ аз тартиб додани протоколҳо нисбати масъулон ва раисони чанд маҳаллаҳои шаҳри Бохтар ба далели фориғболӣ ва тоза накардани партовгоҳо хабар дода буд. Аз ҷумла нисбати:

– сармутахассиси Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар Тағаймуродов Алишер;

– раиси маҳаллаи Борбади шаҳри Бохтар Тағоев Боймурод;

– раиси маҳаллаи Кайҳоннавардони шаҳри Бохтар Шомаҳмадова Марҳамат;

– директори МТМУ № 10 шаҳри Бохтар Худойназарова Хуршеда.

Муҷозоти масъулон барои ифлос кардани муҳити зист дар Тоҷикистон ҳодисаи хеле нодир аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button