ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗА ДАР НАЗДИКИИ ШАҲРИ ХОРУҒ

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки рӯзи 2 июни соли 2024, соати 13:23 ба вақти Тоҷикистон дар шарқи ин кишвар заминларза рух додааст.

Бино ба иттилои пойгоҳи Еarthquaketrack.com, маркази офати табиӣ дар 52-километрии шимолушарқи шаҳри Хоруғ, маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шуда, замин дар инҷо, дар умқи 129 км ва бо шиддатти 4,4 балл тибқи ҷадвали Рихтер ларзидааст.

Аммо маркази пешбинии заминларзаҳои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, ки заминларзаҳо дар тамоми Осиёи Марказиро пайгирӣ ва сабт мекунад, маркази ин заминларзаи ахир дар шарқи Тоҷикистон 44-километрии Хоруғ ва иқтидори ин заминларзаро дар марказаш 4,7 балл баровард кардааст. Зилзиланигорони ӯзбек ҳамчунин хабар додаанд, ки дастгоҳҳои онҳо дар умқи 10 километр ларзидани бистари заминро сабт кардаанд.

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи ин заминларза ягон иттилоия нашр накардааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 зилзила,  дар як моҳи охир 17 заминларза ва дар як соли охир 228 заминларзаро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button