ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ҶАЗОИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК БАРОИ “БАРАНГЕХТАНИ КИНАВУ АДОВАТ НИСБАТ БА ХАЛҚИ РУС”

Додгоҳи ноҳияи Чемали кишвари Олтойи Русия як марди зодаи Тоҷикистонро дар барангехтани кинаву адоват нисбат ба халқи рус гунаҳкор шинохт.

 Додситонии Олтой рӯзи 30 майи соли 2024 хабар дод, ки ин зодаи Тоҷикистон моҳи декабри соли 2023 дар шарҳи навишааш дар зери як матлаб дар гуруҳи “Инцидент Горно-Алтайск” дар шабакаи иҷтимоии “Вконтакте” ба суханоне роҳ додааст, ки бар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти лингвистӣ (забоншиносӣ), дар он навиштаҳо аломатҳои  даъват ба бараенгехтани кинаву адоват, ҳамчунин аломатҳои таҳқири шаъну шарафи инсон ва ё гуруҳи инсонҳо ба далели миллату забони онҳо дида мешаванд.

Худи ин марди тоҷик ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои додситонӣ, дар додгоҳи ноҳияи Чемал, дар ҷараёни мурофиаи парвандааш ин мард ба гуноҳи худ эътироф накарда, иддао кардааст, ки касе саҳифаи ӯро дар шабакаи “ВКонтакте” шикаста, аз номаш ҳар гуна шарҳ навиштааст.

Аммо, навиштааст додситонӣ, тафтишот муайян кард, ки ба саҳифаи ин зодаи Тоҷикистон дар шабакаи “ВКонтакте” танҳо аз телефони мобили ӯ даромадаанд ва ба ин телефон ба ғайр аз соҳибаш ягон каси дигар дастрасӣ надошт.

Дар ин асос додгоҳ ин марди тоҷикро бар асоси моддаи 20.3.1 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия дар барангехтани кинаву адоват ва паст задани шаъну шарафи инсонӣ гунаҳкор шинохт ва бо талаби додситонии ноҳияи Чемал ба 40 соати корҳои ҳатмӣ маҳкум кард.

Ҳукми марди тоҷик ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва ӯ метавонад аз он шикоят барад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button