Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР НОРАК ЗАНУ ШАВҲАР АЗ ЯК ХОНА ҚАРИБ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ (!!!) ДУЗДИДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД
Тоҷикистон аз рӯзи 1 июни соли 2024

Даст ба дуздӣ задани зану шавҳар

134

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри Норак бо ҳамроҳии шавҳараш марди 26-солаи сокини ҳамон ҷо бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон 1-уми январи соли 2024, тахминан соати 14:00, бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур шуда, аз онҷо 920 ҳазору 468 сомонӣ (ҳудуди 84 ҳазор доллар-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ҷавони 19-сола бо ҷурми авбошӣ

117

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 29-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 27-уми майи соли 2024, тахминан соати 20:20-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри мазкур қарор доштанаш ҷавони 19-солаи сокини ҳамин шаҳр бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо корд 1 маротиба ба рони пойи чапаш зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ҳалокати ронандаи автомашинаи боркаши «КАМАЗ» дар натиҷаи садама

45

Шаби 30-юми майи соли 2024, тахминан соати 01:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «КАМАЗ», Сатторқулов Достонбек Ҳошимқулович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба садама дучор шудааст.

Дар натиҷа, ронанда Сатторқулов Д.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button