БӮЙИ ТОҶИКИСТОН, МАНЪИ ИДГАРДАКУ ҲИҶОБ ВА ЁДЕ АЗ “АКАИ МН-МН”

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук
Ин субҳ фарзандам тирезаро кушоду гуфт:
– Ваҳ! Бӯйи Тоҷикистон мерасад!
Аз ошёнаи дуюм қади баланди дарахтони сарсабзи баҳорӣ хуб ба назар мерасанду дар пойин гулзори зебо аён аст. Рӯз ҳам офтобист…
Ва илова кард:
– Идгардак ҳам набошад, Тоҷикистон брем?
Пештар аз манъи идгардак шунидаву гуфта буд, ки дигар Тоҷикистон намеравад.
Вале бӯйи Тоҷикистон даъваташ дорад…
Ҳоло намедонам Худованд кадом раҳи пинҳониеро кушояд, ки дар модари фарзандам ҳам майли рафтан ба Ватанам пайдо шавад?!
Зеро баъди дидани наворҳои таҳқиру фишор ба ҳиҷобдорон аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ карданист.
Аммо, Худованд ҳатман роҳҳои пинҳоние дорад “ки кас он раҳ надонад!”.
“В-агар бар ту бубандад ҳама раҳҳову гузарҳо,
Раҳи пинҳон бикушояд, ки кас он раҳ надонад…”
(Мавлоно).
————————
Дар бораи “бӯйи Тоҷикистон” бори дуввум аст мешунавам.
Чанд сол пеш навишта будам, ки бо худрав аз ш. Иваново ба Маскав равон будем. Дар паҳлӯям Раҳимбек Наботов буд, ки дар вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон гуфта буд:
– Э, мумкинай ба ҳами лаҳҷаи хдму гап занм. Як ъумр “мн, мн” гуфтам…
Ин “мн”, “мн”-ашро дар ТВ пахш карда буданд ва мардум ӯро “Акаи Мн-Мн” мегуфтанд)))
Хулоса, ба наздикии ш. Владимир расида будем, гуфтам:
– Ака, Абдулло Назриро гӯш кунем?
Ӯ бо хурсандӣ гуфт:
– Ай, барвақттар намегӯй?! Мунш!
Баъди чанде “Акаи Мн-Мн” гуфт:
– Абдулло Назрӣ ягона ҳофизест, ки овозаш бӯйи кӯҳистон дорад!
Буйи кӯҳистон, бӯйи Тоҷикистон…
Машоми ман то он ҳадде нозук нест, ки чу “Акаи Мн-Мн”-у фарзандам бӯйшиносам дошта бошад. Афсӯс…
(Раҳимбек Наботов, раҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Братск ва муовини муфтии ин шаҳр 24 январи соли 2016 аз ҷаҳон чашм пӯшид. Шодравон соли 2009 аз муҳоҷирони тоҷики минтақаи Сибир барои сохтани нирӯгоҳи Роғун ва аз банди бебарқӣ раҳо ёфтани Тоҷикистон 100 ҳазор доллар ҷамъ оварда, ба ҳисоби нирӯгоҳи Роғун гузаронда буд. Равонаш шод ва ёдаш ба хайр! – идораи “Бомдод”)