ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ВИДЕО+18: ПОЁНИ ИШҚ ҶАНГУ ҶАНҶОЛ ШУД…  ҲИКОЯТМОҲ ЧАРО АЗ ҚАБАТИ ПАНҶУМИ БИНО АФТОД?

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 31 майи соли 2024 дар бораи як қиссаи ошиқона дар шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар ниҳоят бо ҷангу ҷанҷол ва аз қабати панҷуми бино афтодани маъшуқаи аз марди ошиқаш норозӣ шудааст.

 Милитсия гуфт, навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида оид ба ҳодисаи зане, ки аз ошёнаи 5-уми бинои истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб ба поён афтидааст, аз тарафи прокуратураи шаҳри Кӯлоб мавриди санҷиш қарор дода шуд ва дар натиҷа муайян гардид, ки 24 майи соли 2024, соати 11:15, Ҳикоятмоҳи Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1999, зодаи ноҳияи Ш.Шоҳин, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, аз сабаби ба миён омадани муноқишаҳо ва бо мақсади тавассути таҳдид моил намудан ба таъмини молиявии худ ба хонаи марди 38-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки қаблан бо вай робитаи ошиқона дошт, рафтааст, вале номбурдаро пайдо накардааст.

“Сипас, бо мақсади тарсонидани ошиқи собиқаш Ҳикоятмоҳи Раҷабалӣ ба лаби тирезаи роҳрави ошёнаи 5-ум баромада, пойҳояшро ба қисмати кӯча кашол карда, ба он мард занг зада, талаб намудааст, ки ба хонааш баргашта, бо ӯ вохӯрад. Ҳангоми гуфтугӯ Ҳикоятмоҳи Раҷабалӣ ногаҳон лағжида, ба болои долони ошёнаи якум афтида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст”, – гуфта мешавад дар хабар.

ВКД афзуд, дар ҳоли ҳозир, Ҳикоятмоҳи Раҷабалӣ таҳти назорати табибон қарор дошта, вазъи саломатии ӯ аз тарафи мутахассисони соҳаи тандурустӣ вазнин арзёбӣ карда мешавад.

Санҷиши ҳодисаи мазкур идома дорад.

Тафсилоти дигари қазия дар даст нест. Наздикони Ҳикоятмоҳ ва он марди ошиқи собиқаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки атрофиён ҳама аз Ҳикоятмоҳи дар лаби тиреза истода хоҳиш мекунанд, ки беақлӣ накунад ва ба ҷони ҷавони худ ҷабр накунад. Ҳамчунин дида мешавад, ки дар охирин лаҳзаҳои пеш аз афтодани ӯ як мард кӯшиш мекунад, ки Ҳикоятмоҳро ҳангоми афтиданаш аз дастонаш бидорад, вале зан чунон зуд аз қабати панҷуми бино сарозер мешавад, ки ӯро дошта наметавонанд.

Корбарон менависанд, ки бояд мардони ба истилоҳ “ҳарҷогард”-е, ки ба хотири нафси худ занони оҷизу дастнигар ва беҳуқуқро ба чунин ҳолатҳои ночорию навмедӣ меоранд, низ барои бемасъулиятиашон дар баробари ҳамсарони собиқашон ба ҷазо кашида шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Тафсилоти бештар лозим нест, ҷазои “беақлӣ”-ро дидем, илова бар ин, бо ин зани ҷавон дигар ҳеч кас на издивоҷ мекунад, на “ошиқӣ”, дарси ибрат шуд. Дар Тоҷикистон шумораи оилаҳои парокандашуда нисбат ба шумораи издивоҷ бештар шудааст, рух додани чунин ҳодисаҳо на аввалин бор асту на охирин бор, муттасифона!!! Парлумони тоҷик ба сарулибрсу ришу ғайра ҷиддӣ кор мегиранд, ба издивоҷу талоқ аҳамияти хосс намедиҳанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button