ВидеоСиёсатТоҷикистон

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ ШАҲБОЗИ АБРОРРО ҲАМЧУН РАИСИ НАВИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТ ЭЪТИРОФ КАРД

Вазорати адлияи Тоҷикистон баъд аз 20 рӯзи омӯзиши ҳуҷҷатҳои анҷумани 18-уми ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон Шаҳбози Аброрро расман ба унвони раиси нави ин ҳизб эътироф кард. Дар номаи расмие, ки бо имзои Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 31 майи соли 2024 ба Шаҳбози Аброр ирсол шудааст, аз ҷумла навишта шудааст ки: “Тибқи протоколи анҷумани ғайринавбатии 18-ум аз ёздаҳуми майи соли 2024 Шумо (Шаҳбози Аброр) раиси ҳизб интихоб шудед”.

Дар нома ҳамчунин навиштаанд, ки  “оинномаи Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Вазорати адлия бо тағйиру иловаҳо аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Ҳизби демократи Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи оиннома бояд идома диҳад,” 

Эътирофи расмии Шаҳбози Аброр аз ҷониби вазорати адлия дар ҳолест, ки Саидҷаъфар Усмонзода, раиси барканоршудаи Ҳизби демократ анҷумани рхзи 11 май баргузоршударо ғайриқонунӣ номида, аз мақомот, аз ҷумла аз вазорати адлия хоста буд, ки ба ин моҷарои нави бархоста дар дохили ҳизбаш баҳои сиёсӣ бидиҳанд.

Саидҷаъфар Усмонзода

Рӯзи 11 май дар анҷумани 18-уми ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки дар Душанбе дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Кангурт” доир шуд,

номзадии 3 нафар: Шаҳбози Аброр, раиси ҳизби демократ дар шаҳри Душанбе, Абдуҷаббор Юлдошев, раиси демократҳои вилояти Суғд ва Илёсиддин Саидҷаъфаров ба раисии ҳизб пешбарӣ шуд. Вале Саидҷаъфаров номзадиашро пас гирифт ва Шаҳбози Аброр бо 64 овози тарафдор ва як мухолиф дар муқобили Юлдошев, ки 8 овози тарафдор ва 1 овози мухолиф ба даст овард, раиси нави ҲДТ интихоб шуд. Дар ҳамон анҷуман Аҳмадшоҳ Комилзода муовини аввал ва Зӯҳро Мирзоева муовини раиси ҳизб интихоб шуданд.

Шаҳбози Аброр, фарзанди нависандаи равоншод Аброри Зоҳир, 13 июни соли 1990 таваллуд шуда, соли 2013 шуъбаи рӯзноманигории Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро хатм кардааст. Аммо собиқаи кории Шаҳбози Аброр хеле барвақттар, дар соли 2007 ҳамчун муҳаррир дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ оғоз ёфта, соли 2009, вақте ки ӯ ҳамагӣ 19 сол дошт ва ҳанӯз донишҷӯ буд, ба мақоми сардабири маҷаллаи “Меҳвар” ва рӯзномаи “Истиқлол” расидааст.  Шаҳбози Аброр соли 2011, ки боз ҳам ҳанӯз донишҷӯ буд, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шуда, аз сроли 2012 то 2013 ҳамчун муовини сардабир ва сипас сардабири нашрияи “Муҳоҷир” дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон кор кардааст.  Аз соли 2013 то 2016 ӯ дигарбора ҳамчун сардабири маҷаллаи “Меҳвар” ва рӯзномаи “Истиқлол” фаъолият карда, сипас ба “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон ба кор гузаштааст. Ӯ ҳоло дар киностудияи “Тоҷикфилм” сардори шуъба аст.

Дар тарҷумаи ҳоли расмиаш, ки соли 2020, ҳангоми пешбарии номзадиаш ба вакилии маҷлиси пойтахт нашр шуда буд, гуфта мешавад, ки Шаҳбози Аброр оиладор буда, 3 фарзанд дорад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон 10 августи соли 1990 аз ҷониби Шодмон Юсуф ташкил шуда, аввалин ҳизби алтернативӣ дар баробари ҳизби ҳокими коммунист (КПСС) дар ҷумҳурӣ буд.

Ин ҳизб дар 34 соли таърихаш чандин табадуллотро пушти сар кардааст.

Дар аввали соли 1992 ду тан аз раҳбарони ҲДТ Мирзо Самиев ва Абдулло Очилов ба мавқеи мухолифати Шодмон Юсуф бо ҳукумати президент Раҳмон Набиев эътироз карда, кӯшиш карда буданд, ки Шодмон Юсуфро канор зада, раҳбариро ба дасти худ бигиранд.

Соли 1995 ҲДТ ба ду ҷиноҳи Душанбе ва АлмаАто ҷудо шуд, ки ба яке Саидҷаъфар Афзалӣ ва ба дувумӣ Ҷумъабой Ниёзов раҳбарӣ мекард.

Соли 2006, баъди боздошту ба 23 соли зиндон маҳкум шудани раиси вақти ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров Масъуд Собиров, ҷияни шоири шинохта Бозор Собир тарафдорони Искандаровро канор зада, худро раиси ҳизб эълон кард.

Соли 2012 дар ҲДТ боз як табаддулот сурат гирифт ва ин бор Саидҷаъфар Усмонзода Масъуд Собировро канор зада, раиси ҳизби демократ шуд.

Саидҷаъфар Усмонзода аз ангуштшумор вакилони парлумони Тоҷикистон аст, ки дар бораи масоили доғи кишвар бо ҷуръат изҳори назар мекунад. Усмонзода мегӯяд, то ҳол намедонад, ки кадом нирӯе ва барои чӣ ӯро аз раҳбарии ҳизби демократ “чаппа” кард?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button