ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ПИСАРИ 15-СОЛАИ РАИСИ БОЗОРИ ЁВОН ЯК ҲАМСОЛИ ХУДРО КОРД ЗАДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 30 майи соли 2024 хабари як ҳамсолашро корд задани як навраси 15-сола дар ноҳияи Ёвонро тасдиқ кард. Қаблан хабар омада буд, ки рӯзи 25 майи соли 2024, дар рӯзи “Занги охирин” писари раиси бозори ноҳияи Ёвон як хонандаи мактаби миёнаи №75-ро чанд зарбаи корд задааст ва дар пайи ин ҳодиса Гулшан Бобизода, мудири маорифи ноҳияи Ёвонро аз мақомаш барканор кардаанд.

ВКД гуфт, навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида вобаста ба ҳолати бо корд зарба задани як хонандаи мактаб аз тарафи ҳаммактаби худ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки рӯзи 25 майи соли 2024, тахминан соатҳои 12:20, хонандаи мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Ёвон, ноболиғ Х.М., соли таваллудаш 2009, сокини ноҳияи Ёвон бо 3 нафар ҳамсинфонаш баъди анҷоми дарс дар назди бинои МТМУ №75-и ноҳияи Ёвон бо ноболиғ Ш.Ш., соли таваллудаш 2009, сокини ҳамин ноҳия, хонандаи муассисаи мазкур вохӯрда, бо сабабҳои ночиз байнашон муноқишаи лафзӣ ба миён омадааст.
Ноболиғ Х.М. аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо корди хоҷагӣ ба бадани Ш.Ш., 4 маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ноболиғ Х.М. бо аломатҳои моддаи 237, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабси пешакӣ гирифтан татбиқ карда шудаааст. ВКД гуфт, тафтиши ин парванда идома дорад.
Бино ба иттилои ВКД, вазъи саломатии ноболиғи ҷабрдида Ш.Ш. хуб буда, номбурда таҳти назорати табибон қарор дорад.

Афзоиши муноқишаҳо байни наврасону ҷавонон бо истифода аз силоҳҳои сард дер боз нигаронии ҷиддии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро ба бор овардааст. Милитсияи Душанбе аз соли 2018 дар пойтахт амалиёти вижаеро бо номи шартии “Корд” ба роҳ андохта, ҳар сари чанд вақт аз боздошти даҳҳо наврас, ки бо худ корду “финка” ва дигар навъҳои силоҳи сард мегардонанд, хабар медиҳад.

Бино ба омори расмӣ, дар натиҷаи ин чораҳо ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон нисбатан рӯ ба коҳиш овардааст, вале боз ҳам ҳар сари чанд вақт аз Тоҷикистон дар бораи муноқишаҳои навбатии хунин байни наврасону ҷавонон хабарҳо ба даст мерасанд. Мутаассифона, ҳолатҳое низ зиёданд, ки ин муноқишаҳо бо марги наврасон меанҷоманд.

Тавре ба назар мерасад, сериали русии “Қавли бачаҳои кӯча” (“Слово пацана”), ки чанд моҳ пеш нашр шуд, бадигарбора авҷ гирифтани чунин муноқишаҳо дар байни наврасон ва аз нав “мӯд” шудани бо худ гардондани корду дигар навъҳои силоҳи сард мусоидат кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button