ВидеоКоррупсия

ЯК МИЛИСА БО ВАЪДАИ 2 БИЛЕТИ ҲАРБӢ АЗ СОКИНИ КОНИБОДОМ 76 ҲАЗОР СОМОНӢ ПУЛ ГИРИФТААСТ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 31 майи соли 2024 аз ошкор шудани ҳолати қаллобии корманди баланпояи шуъбаи хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба маблағи махсусан зиёд  (76 ҳазор сомонӣ, ё қариб 7 ҳазор доллар) хабар дод. Бино ба иттилои агентӣ, Насиров М.М. аз 18 июли соли 2023 то 27 январи соли 2024 дар вазифаи сардори нуқтаи мутамарказонидашудаи муҳофизаи ШХД “Муҳофиза”-и ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст.

Маркази матбуоти агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Чунончи, Насиров М.М. қасдан ва бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб моҳи январи соли 2023 ба боварии шаҳрванд Б.Т. даромада, аз номбурда барои тавассути шиносҳояш омода карда додани билетҳои ҳарбӣ ба номи наберааш Б.Т.О. ва ҷиянаш Ҷ.Д.Т. маблағи 76 ҳазор сомонӣ талаб намуда, дар ду марҳила аз Б.Т. ин миқдор маблағро дар ҳудуди шаҳри Конибодом гирифта, ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накард”.

Оиди ин ҳолат нисбат ба Насиров М.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ин парванда баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст. Худи Насиров, ё адвокат ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Ба ӯ барои қаллобӣ ба маблағи махсусан зиёд ҳамчун ҷазо ҷаримаи ҳангуфт ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз ин пеш, рӯзи 13 майи соли 2024 Агентии мубориза бо коррупсия аз ошкор шудани як ҳолати гирифтани пора аз тарафи корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик дар ҷанубушарқи ҷумҳурӣ хабар дода буд. Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентӣ, Асомуддинов А.З. аз 27 сентябри соли 2021 то инҷониб дар вазифаи сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик кору фаъолият карда, “миёнаи моҳи августи соли 2023 дар ноҳияи Темурмалик бо сокини ин ноҳия шаҳрванд Н.Ҷ.А. вохӯрда, огоҳ гардид, ки писари ӯ Н.Ф.Ҷ. нияти гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ (хизмати алтернативӣ)-ро дорад. Асомуддинов А.З. ҳолати мазкурро барои гирифтани маблағҳои пулӣ мусоид ҳисобида, бо сӯиистеъмоли мақоми хизматӣ барои дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ гузаштани хизмати ҳарбӣ аз ҷониби Н.Ф.Ҷ., аз падари охирон Н.Ҷ.А. маблағи 12 000 сомонӣ талаб намуда, моҳи августи соли 2023 дар ду ҳолат аз Н.Ҷ.А. маблағи зикршударо гирифт”.

Худи Асомуддинов А.З. ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Асомуддинов А.З. ба асоси қисми якуми моддаи 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми сӯиистеъмол аз ҳокимият ё мақоми хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ супурда шудааст.

Ба Асомуддинов бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷаримаи ҳангуфт ба маблағи аз 250 то 912

нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 72 сомонӣ, ё 6,5 доллар) ё маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button