ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК КӮДАКИ ЧОРСОЛА АЗ ДЕҲАИ АНҶИР ДАР ДАРЁИ ГУЛХАС ҒАРҚ ШУД

Субҳи 30 майи соли 2024 як кӯдаки 4-сола аз деҳаи Анҷири ҷамоати деҳоти Навобод дар канори шаҳри Турсунзода бидуни назорати волидон монда, ба дарёи Гулхас афтода, ғарқ шудааст.

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи гузарондани корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади тифли маъсумро як километр поёнтар аз ҷои ҳодиса, дар ҳудуди деҳаи Каронӣ пайдо карда, ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 29 май, баъди беш аз 3 рӯзи ҷустуҷӯҳо билохира ҷасади як духтарчаи шашсолаи дар дарёи Кофарниҳон ғарқшударо 17 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, аз об берун овардаанд. Ин тифлак аз деҳаи А.Муродови ҷамоати ба номи Ҷ.Назарови ноҳияи Шаҳритӯс, ки дар маркази ин ноҳия дар хонаи хешовандонаш дар меҳмонӣ қарор дошт, беназорат монда, рӯзи 26 майи соли 2024, соати 11:30 аз хона баромада, дар дарёи Кофарниҳон афтода, ғарқ шуда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин ҳодисаҳои марги фоҷиавии кӯдакони хурдсол бори дигар боисрор аз волидон даъват кард, ки фарзандони худро бидуни назорат нагузоранд  ва қоидаҳои бехатариро дар соҳили об қатъиян риоя кунанд.

Танҳо дар ҳафтаи равон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда алакай дар бораи 4 мавриди дар дарёҳо ғарқ шудани кӯдакони ноболиғ хабар дод.

25 майи соли 2024 як духтарчаи 12-сола аз деҳаи Қизилсӯи ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор, ки ба падараш дар чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳии Чорнова дар ноҳияи Мӯъминобод кумак мерасонд, даруни оби сел афтода, ғарқ шуд. Ҷасади духтарчаи маъсумро аз як сойи селпарто дар ҳудуди деҳаи Лангари ноҳияи бо Мӯъминобод Шамсиддин Шоҳин пайдо карданд.

Субҳи 27 май, тақрибан соати 7:30, як духтарчаи 11-солаи сокини деҳаи Сиёгулаки ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод ҳангоми гузаштан аз дарёи Таги Камар ба об афтода, ғарқ шуд. Ҷасади ӯро соати 8:30, ягон 500 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, ба хешу табораш супурданд.

Моҳи майи соли ҷорӣ бо селу боришоташ барои Тоҷикистон дар умум моҳи вазнину пурофат омад. Аз аввали моҳи май дар ин кишвар алакай беш аз 40 нафар қурбони ҳодисаҳои нохуш шудаанд. Наздики 30 нафари онҳо бар асари садамаҳои нақлиётӣ ва беш аз 10 нафари дигар бар асари офатҳои табие, чун селу обхезӣ ҷон додаанд ваё дар об ғарқ шуданд. Ҳамчунин дасти кам 3 нафар ҳангоми чукричинӣ аз кӯҳ афтода, ба ҳалокат расид, дуи дигар (падару писар) ҳангоми тоза кардани канализатсия дар шаҳри Бохтар ҷон бохтанд.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи соли 2023 дар обҳои Тоҷикистон 181 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаку навраси то синни 16 ва 36 зану духтар ғарқ шуданд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80  кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button